Донишгоҳ боғ бунёд кард, донишҷӯён "азоб мекашанд"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳазорҳо донишҷӯ, ки аз ноҳияҳо барои таҳсил ба шаҳри Кӯлоб меоянд, аз набудани хобгоҳ мушкил мекашанд. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, калонтарин донишгоҳи шаҳр, 10 ҳазор донишҷӯ дорад, аммо танҳо барои 500 нафар хобгоҳ пешниҳод кардааст.