Афзоиши кишти кукнор ва 3 баробар шудани даромад аз ҳосили он дар як соли ҳукумати Толибон

Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ мегӯяд, ки кишти кукнор дар Афғонистон дар муқоиса ба як соли гузашта 32 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар гузориши нави ин идора, ки рӯзи 2-юми ноябр нашр шуд, омадааст, ки имсол дар дар Афғонистон дар масоҳати 233 ҳазор гектар кукнор кишт шудааст, ки дар муқоиса ба як соли гузашта афзоиши чашмрас доштааст.

Ин нахустин гузориши Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ дар бораи кишти кукнор пас аз августи соли 2021, яъне оғози ҳокимияти Толибон дар Афғонистон мебошад.

Бар асоси ин гузориш, пас аз он, ки Толибон дар моҳи апрел кишти кукнорро манъ карданд, қимати тарёк афзоиш ёфт ва аз ин тариқ даромади кишоварзон се баробар зиёд шуд. Гузориш нишон медиҳад, ки кишоварзони афғон дар соли 2021 аз кишти тарёк 425 миллион доллар фоида ба даст оварда буданд, аммо дар соли 2021 ин омор ба 1,4 миллиард доллар расид.

Идораи мубориза бо маводи мухаддири ва ҷароими СММ мегӯяд, 73 дарсади кукнор дар ҷануб-ғарби Афғонистон кишт карда мешавад. Дар гузориш омадааст, ки аз панҷ як ҳиссаи заминҳои зироатӣ дар вилояти Ҳилманд кукнор кишт шудааст.

Аммо Абдунофеъ Такур, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон гузориш дар бораи афзоиши кишти кукнор дар соли ҷорӣ нисбати ба соли пешро рад мекунад. Ӯ рӯзи сешанбе ба Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ гуфт, "бар киштукор ва қочоқи маводи мухаддир маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар ҳамаи Афғонистон як бутта кукнор ҳам кишт нашудааст ва на иҷоза дода мешавад, ки касе ин буттаро кишт кунад".

Аммо гузориши Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ нишон медиҳад, ки кишоварзон ба хотири ҳосили имсол, то ҳадди зиёде аз сӯи раҳбари Толибон афв шудаанд ва ҳоло барои соли оянда бояд дар мавриди кишти кукнор тасмим бигиранд.

Аз сӯи дигар, кишоварзони афғон, ки намехоҳанд ном ва минтақаашон дар гузориш зикр шавад, аз Толибон мехоҳанд, ки пеши роҳи кишти кукнорро бигиранд.

"Ҳоло ба хотире, ки вақти кишт аст, бояд пеши он гирифта шавад. Агар имсол боз ҳам пешгирӣ нашавад, ин Афғонистонро бо як бӯҳрони сахти инсонӣ рӯбару хоҳад кард",-гуфт яке аз ин кишоварзон.

Толибон дар ҳоле бо чолиши пешгирӣ аз кишти кукнор рубару шудаанд, ки кишти он барои соли оянда дар моҳи ноябр, яъне ҳамин моҳ оғоз мешавад.

Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ мегӯяд, аммо миқдори тарёки бадастомада аз кукнор коҳиш ёфтааст. Гузориш меафзояд, ки дар авоили соли ҷорӣ бинобар хушксолӣ аз ҳар гектар 26,7 килограм тарёк ба даст омадааст, дар ҳоле, ки дар соли гузашта 37,5 килограм буд.

Бар асоси гузориш, дар соли 2022 ба миқдори 6 ҳазору 200 тонна тарёк ба даст омадааст, ки назар ба соли 2021 даҳ дарсад камтар аст.

Коршиносон аммо мегӯянд, ки ҳукумати зери раҳбарии Толибон чандон алоқаманди манъи кишти кукнор нест, зеро он яке аз манбаъҳои даромад барои онҳо мемонад. Онҳо, инчунин, тавони бо кор таъмин кардани садҳо ҳазор деҳқонро, ки зиндагии онҳо вобастаи кишту тиҷорати маводи мухаддир аст, надоранд.

Пас аз суқути ҳукумати пешин, мардуми Афғонистон бо фақр ва бекории бештар рӯбарӯ шуданд. Иқтисоди ин кишвар дар ҳолати варшикастагӣ қарор дорад ва кишварҳои ғарбӣ ёриҳои худро қатъ карданд ва алайҳи ҳокимони нав дар Афғонистон таҳримҳои байнулмилалӣ ҷорӣ намуданд.

Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ гуфтааст, ки кукнори киштшуда дар Афғонистон 80 дарсади кукнори тамоми ҷаҳонро ташкил медиҳад.