Бо афзоиши таъсири таҳримҳои байнулмилалӣ болои Русия ва коҳиши иқтисоди ин кишвар, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба Қазоқистон рӯ овардаанд. Онҳо мегӯянд, дар муқоиса ба Русия маблағи камтар меёбанд, аммо таъқиби пулис ва бегонаситезӣ дар Қазоқистон камтар аст.
Фарқи муҳоҷират дар Русия ва Қазоқистон
Бозори умдафурӯшии "Шағин" дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, макони дарёфти кору даромади даҳҳо муҳоҷири тоҷик аст.
Ҳамза Бобоеви 35-сола аз Тоҷикистон муддате пеш ба Остона рафтааст. Мева мефурӯшад ва гоҳе бор мекашад. Қаблан дар Русия кор мекард ва чанд сабаб маҷбур кард, ки ҷойи корашро дигар кунад.
"Пеш ба Сочи мерафтам. Дар онҷо ҳаққи кор зиёд аст. Дар Қазоқистон маош камтар аст, вале милисаҳо ғам намедиҳанд. Агар ҳуҷҷат ҳам дошта бошӣ, дар ҳар кӯчаи Русия боздошт мекунанд ва ба шуъба мебаранд. 3-4 соат ё як рӯз нигоҳ медоранд," – нақл кард ӯ.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳар моҳ дар Русия то 70 ҳазор рубл кор мекард, ҳоло дар Қазоқистон 40 ҳазор рубл меёбад.
Муҳоҷирони дигари тоҷик ҳам мегӯянд, даромади онҳо дар Қазоқистон кам аст, аммо фишорҳо низ камтар. Олимҷон Камолов, муҳоҷири тоҷик дар Остона, мегӯяд, "мо барвақт омада будем. Дар инҷо низ милисаҳо дастгир мекунанд, вале мегӯянд, ҳуҷҷатҳои худро дуруст кунед."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз инҷо ҳам меронанд
Қаноатмандии нисбии муҳоҷирон дар ҳолест, ки солона чандин нафари онҳо барои нақзи қоидаҳои будубош аз Қазоқистон ронда мешаванд. Моҳи июни имсол 48 шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбекистон аз Қазоқистон ихроҷ шуданд.
Муҳоҷирони тоҷик дар пойтахти Қазоқистон ба ҷуз аз бозор дар сохтмон ҳам кор мекунанд. Баъзеи онҳо баъди ихроҷ аз Русия маҷбур шуданд, ба Қазоқистон биоянд. Аз ҷумла, Комрон Раҷабзода, ки дар панҷ соли оянда ҳаққи ворид шуданро ба Русия надорад.
“Русия хуб аст, нисбат ба Қазоқистон пешрафта аст, маош ҳам баланд, аммо ҳуҷҷат надоштем, ронданд. Маҷбур шудем, ба инҷо омадем,” – гуфт Комрон Раҷабзода.
Муҳоҷирони тоҷик дар Остона талош мекунанд, сарҷамъ бошанд. Аз ҷумла, ба воситаи гуруҳҳо дар шабакаи Вотсап. Абдуваҳҳоб Тоҷиев, яке аз фаъолони муҳоҷирон, мегӯяд, онҳо кӯшиш мекунанд, муҳоҷирони тоҷик дар ҳолати душвор танҳо намонанд.
Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Остона маълум нест. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон моҳи июли имсол гуфта буд, ки дар Қазоқистон даҳуним ҳазор муҳоҷири тоҷик зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо ин шумора бештар ва дар ҳоли афзудан аст.