Гордон хост, истеҳсоли дронҳоро дар Тоҷикистон таҳқиқ кунанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дмитрий Гордон, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи украинӣ, дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, истеҳсоли дронҳои эрониро дар Тоҷикистон таҳқиқ кунанд. Ӯ дар охири моҳи октябр дар барномааш дар Ютуб низ иддао карда буд, ки Тоҷикистон ба тавлиди паҳподҳои Эрон ёрӣ медиҳад.