Марҳилаи дуюм ва ҳалкунандаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо бозиҳои даври нуздаҳум, ки рӯзи 31-уми октябр дар гурӯҳи “А” баргузор шуданд, оғоз ёфт.
“Хатлон”-и Бохтар дар майдони худ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 4:3 мағлуб кард. Бозии дигари даври 19-ум дар гурӯҳи “А” миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт.
Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи “А” дар як давра бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқот ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро ишғол мекунанд. Инҳо дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), “Хуҷанд” (Хуҷанд) ва КМВА (Душанбе) мебошанд.
Панҷ дастаи боқимонда – “Истаравшан” (Истаравшан), “Файзканд” (Восеъ), “Эсхата” (Хуҷанд), “Равшан” (Зафаробод) ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - дар гурӯҳи «Б» дар як давра бозӣ карда, ҷойҳои аз 6-ум то 10-умро ишғол менамоянд ва барои нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ талош меварзанд.
Ду дастае, ки дар ҷадвал ҷойҳои охирро мегирад, ба лигаи аввал мегузарад. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022
Лигаи олӣ
Даври 19-ум. Гурӯҳи «А»
31 октябр (душанбе)
«Хатлон» – КМВА – 4:3
«Равшан» (Кӯлоб) – «Хуҷанд» - 3:3
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
18 |
11 |
6 |
1 |
38-11 |
39 |
2 |
«Хатлон» (Бохтар) |
19 |
8 |
7 |
4 |
20-14 |
31 |
3 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
19 |
7 |
8 |
4 |
23-20 |
29 |
4 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
19 |
7 |
7 |
5 |
24-16 |
28 |
5 |
КМВА (Душанбе) |
19 |
7 |
4 |
8 |
25-28 |
25 |
Даври 19-ум. Гурӯҳи «Б»
1 ноябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:30
«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ»
«Эсхата» – «Равшан» (Зафаробод)
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «Б»
1 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
18 |
6 |
4 |
8 |
18-29 |
22 |
2 |
«Файзканд» (Восеъ) |
18 |
6 |
4 |
8 |
23-19 |
22 |
3 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
18 |
5 |
5 |
8 |
22-29 |
20 |
4 |
«Равшан» (Зафаробод) |
18 |
4 |
7 |
7 |
19-34 |
19 |
5 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
18 |
3 |
4 |
11 |
13-25 |
13 |
Даври 20-ум. Гурӯҳи «А»
4 ноябр (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 14:30
«Истиқлол» – «Хатлон»
5 ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:30
КМВА – «Равшан» (Кӯлоб)
Даври 20-ум. Гурӯҳи «Б»
6 ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:30
«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата»
«Истаравшан» – «Файзканд»
Даври 21-ум. Гурӯҳи «А»
9 ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:30
«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»
«Хуҷанд» – КМВА
Даври 21-ум. Гурӯҳи «Б»
10 ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:30
«Эсхата» – «Истаравшан»
11 ноябр (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 14:30
«Равшан» (Зафаробод) – «Регар-ТадАЗ»
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои ду даври охирини қаҳрамонии кишвар пас аз бозиҳои дӯстонаи тими миллӣ, ки дар даҳаи дуюми моҳи ноябр ба нақша гирифта шудааст, барпо мегарданд.