Ҷабри волидон ба кӯдакон дар Тоҷикистон афзудааст. "Алами Исоро аз Мӯсо мегиранд"?

Акс аз бойгонӣ

Дар як соли охир дар Тоҷикистон беш аз панҷоҳ нафар барои ҷабр ба фарзандон дастгир шуда, иддае зиндонӣ гардидаанду дигарон ҷарима пардохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон рафтори онҳоро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд, аз ҷумла бекориву фақр.

"Ҳанӯз зӯровариро роҳи дурусти тарбия медонанд"

Ҷ.Ҳ., зани 24-сола аз ноҳияи Файзобод, яке аз даҳҳо нафарест, ки "барои расондани зарар ба саломатии фарзанд" дастгиру зиндонӣ шудааст. Як ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ писари сесолаашро латукӯб карда, ба қафаси синааш бо корд зад."

"Кӯдак зинда монд, аммо зан барои бемасъулиятӣ ва қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ аз озодӣ маҳрум шуд. Аз ҳаққи модарӣ ҳам," – афзуд мусоҳиби мо. Ончи зан дар бозпурсӣ ба муфаттишон гуфтааст, маълум нест, вале наздиконаш мегӯянд, ҳодиса тасодуфӣ буд, на барқасдона.

Ду ҳафта пеш маъмурони милиса як сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахтро ба гуноҳи латукӯби фарзандаш ҷарима бастанд. Зикриё Одинаеви 47-сола баъд аз нашри навори латукӯби кӯдакаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ узр пурсид ва ваъда дод, ки "дигар такрор намешавад". Мақомот гуфтанд, 2азбаски ӯ парастори ду кӯдаки ноболиғ аст", танҳо ҷарима бастанд.

Чунин рӯйдодҳо ҳар чанд вақт расонаӣ шуда, таваҷҷуҳи мақомоту ҷомеаро барои муддате ба худ мекашанду дабора ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд. Кӯдакон мемонанду мушкилашон.

Мадина Иргашова, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, ҷомеа набояд бераҳмиро бар кӯдакон таҳаммул бикунад. "Ҳанӯз волидон зӯровариро як роҳи дурусти тарбияи фарзанд медонанд. Вақте кӯдак ба ҳамсоя ё хешу табор шикоят мекунад, дар ҷавоб мегӯянд, хуб кардааст. Дар асл ҳар зарба дар кӯдакӣ то охири умр таъсир мегузорад," – шарҳ дод ӯ.

Кӯдакон василаи фишору интиқомгирӣ?

Ҷомеашиносон бовар доранд, ки дар солҳои наздик ин мушкилро комилан аз байн бурдан имкон надорад, вале то ҳадде кам кардан мумкин аст. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳанӯз ин кор дар Тоҷикистон фарҳанг нашудааст.

"Азбаски мардуми мо мусалмон ҳастанд, тарбияи исломӣ доранд, ин чиз дар ахлоқи ҷомеа ҷой дорад. Яъне, бояд кӯдакон нисбати волидон эҳтиром дошта бошанд. Аммо баъзан волидон масъулияти таълиму тарбияро иҷро намекунанд, ки дар охир то ҷиноят оварда мерасонад," – гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, як сабаби дигари зӯроварӣ ба наврасон ин аст, ки волидон аз назари иқтисодиву иҷтимоӣ мушкилҳои зиёд доранд ва баъзан алами ин ҳамаро аз кӯдакон меситонанд.

Қурбонгул Қосимова, мудири созмони "Наҷоти кӯдакон", гуфт, наврасон аксаран замоне ба хушунат дар оила дучор мешаванд, ки падару модар бо ҳам муноқиша доранд ё дар ҳоли ҷудо шудан ҳастанд. Ӯ афзуд: "Азҳампошии хонавода худаш зарбаи сахт ба кӯдакон аст. Вақте кӯдаконро ҳамчун фишор алайҳи ҳамдигар истифода мекунанд, ин сахттар аст. Мутаассифона, мушкилро намешавад якбора аз байн бурд."

Созмонҳои иҷтимоӣ қаблан ҳам аз хушунату зӯроварӣ нисбати кӯдакон, истифода аз нерӯи кории онҳо, камбуди ғизои атфоли тоҷик ва ба далели муҳоҷират дур будани онҳо аз волидон нигаронӣ кардаанд.

Бо вуҷуди танқидҳо аз нақзи ҳуқуқи кӯдак ва нигарониҳо аз озору азияти ноболиғон, мақомот дар изҳороти расмии худ аз пешравӣ дар роҳи пешгирӣ ин мушкил гузориш медиҳанд. Омбудсмени тоҷик дар гузориши солонааш гуфтааст, барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи кӯдак "як қатор корҳоро анҷом дод." Баъзе аз намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ташаббусҳои мақомотро нокофӣ медонанд.