Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои Истиқлол» (лигаи олӣ) ва «Кӯктош» (лигаи аввал) 29-уми октябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар бо ҳузури 6500 тамошобин баргузор шуд.
Замони асосии дидор бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) низ ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналти муайян шуд. Дар задани зарбаҳои 11-метрӣ кори футболбозони Душанбе омад кард ва онҳо бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.
Бояд гуфт, ки аз ин пеш «Истиқлол» ва «Кӯктош» дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам рӯбарӯ нашуда буданд.
Ба ин тартиб, «Истиқлол» дар таърихи худ 9 маротиба – солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2022 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст.
Ба дастаи ғолиб – «Истиқлол” - Ҷоми Тоҷикистон, медалҳои тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Ба финалист – «Кӯктош» - медалҳои нуқра ва 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин ба бозигари беҳтарини бозии ниҳоӣ – Алишер Шукуров, аз дастаи «Кӯктош», ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ эҳдо шуд.
Ҷоми Тоҷикистон-2022
Финал
«Истиқлол» – «Кӯктош» – 2:2, аз рӯи силсилаи пеналти – 5:4
Голҳо: Муҳаммад Гулаев, 3 (0:1). Сулаймон Собиров, 38 – ба дарвозаи худ (1:1). Худойдод Узоқов, 61 (1:2). Манучеҳр Ҷалилов, 72 (2:2).
Силсилаи пеналти: Сиёвуш Асроров – 1:0. Худойдод Узоқов – 1:1. Шервонӣ Мабатшоев – 1:1 (хато зад). Сулаймон Собиров – 1:1 (сутуни дарвоза). Шаҳром Сулаймонов – 2:1. Алишер Шукуров – 2:2. Гонсало Габриел Ритакко – 3:2. Азизбек Султонов – 3:3. Манучеҳр Ҷалилов – 4:3. Азимҷон Қараев – 4:4. Глеб Грачёв – 5:4. Муҳаммад Гулаев – 5:4 (тири дарвоза).
29-уми октябр. Бохтар. варзишгоҳи «Пахтакор». 6500 тамошобин.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 31-ум баргузор шуд. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – нӯҳ бор - “Истиқлол” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд” панҷ бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (феълан «Хатлон»-и Бохтар) , “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров ва “Равшан”-и Кӯлоб дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992 – 2022):
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0.
2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 5:4