"Китобхон" ҷавонони тоҷикро китобхон кард?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар як гӯшаи YouTube-и тоҷикӣ, ки пур аз барномаҳои мазҳакавӣ аст, барномаеро дидан мумкин аст, ки дар он сӯҳбат фақат аз китобу китобхонӣ меравад. Барнома “Китобхон” ном дорад ва дар бораи афроде аст, ки бо мутолиаи зиёд зиндагии худро тағйир додаанд.