Дастаи мунтахаби футболи Русия бо тимҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон моҳи ноябр ду бозии дӯстона баргузор мекунад, хабар медиҳад Championat.Asia.
Ба иттилои манбаъ, футболбозони Русия 17-уми ноябр бо мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе ва 20-уми ноябр дар Тошканд бо мунтахаби Убекистон бозӣ хоҳанд кард. Аммо гуфта мешавад, ки санаҳои баргузории бозиҳо ниҳоӣ нест, зеро ки дар ин рӯзҳо бояд бозиҳо дар доираи Ҷоми Русия баргузор шаванд.
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои баргузории ин бозӣ, миёни созмонҳои футболи ҳар ду кишвар гуфтугӯ идома дорад.
Зимнан, мунтахаби Русия таҳти раҳбарии Валерий Карпин дар бозии охиринаш бар мунтахаби Қирғизистон дар Бишкек бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Бояд гуфт, ки мунтахаби Русия бо тасмими FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) аз ҳаққи ширкат дар Лигаи миллии UEFA (Созмони футболи Аврупо) ва бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо мунтахаби Полша (Лаҳистон) маҳрум шуда буд, инчунин дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Аврупо — 2024 иштирок намекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, моҳи сентябри имсол дар мусобиқаи 48-уми байнулмилалии “King’s Cup 2022” тими миллии Малайзияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:0 (замони асосӣ 0:0) шикаст дод ва барандаи “Ҷоми Шоҳ-2022" шуд. Қаблан мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоии ин мусобиқа тими миллии Тринидад ва Тобагоро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, ба финал роҳ ёфта буд.
Ба гуфтаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт, иштирок дар “Ҷоми Шоҳ-2022” дар Тайланд як давраи омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб мешуд.
Дарвоқеъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи июни соли равон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» дар Бишкеки Қирғизистон бо касби 7 имтиёз ғолиб гардид ва бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора роҳ ёфт.
Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон дар радабандӣ ё рейтинги FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) дар байни 211 кишвар бо 1185,7 имтиёз дар ҷойи 108-ум қарор гирифтааст. Мунтахаби Русия бошад, бо 1496,11 имтиёз дар ҷойи 33-юм медошад.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (113-ум), Озарбойҷон (123-юм), Латвия (134-ум), Туркманистон (135-ум), Литва (144-ум) ва Молдова (174-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (77-ум) ва Қирғизистон (95-ум) ҷойгир шудааст.