Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои се даври марҳилаи дуюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олиро, ки 31-уми октябр оғоз меёбад, эълон кард.
Марҳилаи дуюм ва ҳалкунандаи қаҳрамонии Тоҷикистон бо бозиҳои даври нуздаҳум, ки рӯзҳои 31-уми октябр ва 1-уми ноябр доир мегарданд, шуруъ мешавад. Дар ин марҳила дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мегарданд. Имтиёзҳои дар давраҳои якуму дувум гирифташуда ҳифз мешавад.
Аз рӯи натоиҷи ду давраи гузашта панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи “А” дар як давра бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқот ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро ишғол мекунанд. Инҳо дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), “Хуҷанд” (Хуҷанд) ва КМВА (Душанбе) мебошанд.
Панҷ дастаи боқимонда – “Истаравшан” (Истаравшан), “Файзканд” (Восеъ), “Эсхата” (Хуҷанд), “Равшан” (Зафаробод) ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - дар гурӯҳи «Б» дар як давра бозӣ карда, ҷойҳои аз 6-ум то 10-умро ишғол менамоянд ва барои нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ талош меварзанд.
Ду дастае, ки дар ҷадвал ҷойҳои охирро мегирад, ба лигаи аввал мегузарад. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Зимнан, бозиҳои ду даври охирини қаҳрамонии Тоҷикистон пас аз бозиҳои дӯстонаи мунтахаби миллии кишвар, ки дар даҳаи дуюми моҳи ноябр ба нақша гирифта шудааст, барпо мегарданд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022
Лигаи олӣ
Даври 19-ум. Гурӯҳи «А»
31 октябр (душанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:30
«Хатлон» – КМВА
«Равшан» (Кӯлоб) – «Хуҷанд»
Даври 19-ум. Гурӯҳи «Б»
1 ноябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:30
«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ»
«Эсхата» – «Равшан» (Зафаробод)
Даври 20-ум. Гурӯҳи «А»
4 ноябр (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 14:30
«Истиқлол» – «Хатлон»
5 ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:30
КМВА – «Равшан» (Кӯлоб)
Даври 20-ум. Гурӯҳи «Б»
6 ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:30
«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата»
«Истаравшан» – «Файзканд»
Даври 21-ум. Гурӯҳи «А»
9 ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:30
«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»
«Хуҷанд» – КМВА
Даври 21-ум. Гурӯҳи «Б»
10 ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:30
«Эсхата» – «Истаравшан»
11 ноябр (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 14:30
«Равшан» (Зафаробод) – «Регар-ТадАЗ»