Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар "Baku Grand Slam 2022" ба Озарбойҷон мераванд

Темур Раҳимов (аз чап), паҳлавони номдори тоҷик.

Дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2022”), ки рӯзҳои 4-6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор мешавад, Тоҷикистонро 13 варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар “Baku Grand Slam 2022” иштироки 391 варзишгар (227 мард ва 164 зан) аз 63 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст. Мусобиқа аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир мегардад.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад: Муслимбек Каримов (-60 кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Каюмарс Норов (-66 кг), Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг), Эмомризо Анварзода (-100 кг), Раҳматулло Мирзоев (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).

Барномаи мусобиқа:

4-уми ноябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

5-уми ноябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

6-уми ноябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Маблағи умумии мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022” 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ғолиб дар ҳар як вазн 5 ҳазор евро, барои ҷойи дуюм 3 ҳазор евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ тақдим мегардад.

Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонии ҷудо мегарданд. Варзишгароне, ки медали тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Ҳамчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2021”) Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов медал гирифт. Ӯ баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Бразилия ва Олмон ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо намуд. Вале Темур барои медали тило аз рақиби ҷавони худ Татсуру Саитои ҷопонӣ мағлуб шуд. Зимнан, Темур Раҳимов дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин барандаи медали нуқраи мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” гардид.

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов дар “Baku Grand Slam 2021” дар вазни то 73 кило ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд. Вале чаҳор намояндаи дигари Тоҷикистон – Ҳақназар Назаров (-81 кг), Хушвахт Идиев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90 кг) – дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.