Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор
Қисми 2
Бахши аввали матлабро дар инҷо хонед
Баҳси Роғун дар Шӯрои олии ИҶШС
Пас аз инъикоси масоили мазкур дар рӯзномаҳои чопи Маскав мушкилоти нерӯгоҳи “Роғун” ва мавзуъҳои вобаста ба он ба расонаҳои дохили ҷумҳурӣ “кӯчид”. Кор ба ҷое расид, ки котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Қаҳҳор Маҳкамов, баҳори соли 1989 дар Анҷумани якуми Шӯрои олии ИҶШС эътироф кард, ки сохтмони “Роғун” масъалаҳои зиёд ва баҳсҳои гарму ҷӯшонро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, нисбат ба баландии сарбанд ва минтақаҳое, ки зери об хоҳанд монду сарнавишти баъдии сокиноне, ки аз онҷо кӯчонда мешаванд.
Ӯ дар суханронии худ таъкид кард, ки нормативҳои мавҷуда доир ба пардохти ҷуброн барои боғҳову токзорҳо ва ғайра ба сокиноне, ки кӯчонда мешаванд, бояд бознигарӣ шавад, зеро боғу роғ яке аз манбаъҳои асосии даромади онҳост. Маҳкамов дар ин иртибот гуфт: “Нормативҳои кунунӣ 20 сол қабл қабул гардида, ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ нестанд, аз ин рӯ, чунин мешуморем, ки сокинон талабҳои боадолатона пешниҳод доранд ва мо ҳуқуқ надорем, онҳоро сарфи назар кунем”. (Қ.Маҳкамов. Первый съезд ВС СССР. Стенографический отчет. ҷ.1, саҳ. 98-99)
Ба андешаи Холназар Муҳаббатов, дар лоиҳаи “Роғун” нисбати аҳолие, ки дар минтақаи обанбори Роғун зиндагӣ мекунанд, бепарвоӣ зоҳир шудааст, зеро барои кӯчидани мардум 100 миллион сӯм ҷудо шуда, 61 миллиони он аз ҳисоби худи ҷумҳурӣ аст.
Ба қавли ў, тибқи ҳисобу китоби Госстройи ҷумҳурӣ ва меъёрҳои наве, ки барои манзилгоҳ муайян шудааст, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ бањри кӯчондани аҳолии ин минтақа ба 270 миллион мерасад. Ӯ ҳамчунон тазаккур медиҳад, ки то соли 1993 аҳолии минтақаи обанбор ба 28000 расида, дар натиҷаи кӯчбандӣ 62 деҳа зери об мемонад. (Мақолаи “Тарҳрезии сарбанд: Баҳс ва андешаҳо”. Маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”, соли 1989, №2. саҳ.20)
Яке аз мухолифони маъруфи сохтмони нерӯгоҳ шоири машҳури тоҷик Гулрухсор Сафиева шуморида мешуд. Азбаски дар тӯли қариб 35 соли гузашта дар атрофи ин мавқеи ӯ суханони зидду нақиз гуфта мешуд, мо ин ҷо стенограммаи матни суханронии ӯро бидуни тарҷума ба забони русӣ меорем:
Митинги Комсомолобод
Баррасии проблемаҳои “Роғун” дар расонаҳои чопи Маскав аз ҷониби тоҷикон (М.Бурҳонова ва О.Латифӣ) ва ҳамчунин интиқоди чунин лоиҳаҳои бузург тавассути Горбачёв дар миёни сокинони деҳаҳое, ки бояд кӯчонида мешуданд, гарм истиқбол шуд.
Аз ин рӯ, қабл аз оғози Анҷумани якуми Шӯрои олии ИҶШС 20 000 нафар ба унвони М.Горбачёв ариза фиристоданд. Ин номаро ба Горбачёв шоир Гулрухсор ва депутат Давлат Худоназаров расонданд. Инчунин, беш аз 10 сокини минтақа ба Маскав рафта, рӯзҳои Анҷумани якуми Совети олии ИҶШС норозигии худро алайҳи сохтмони “Роғун” изҳор доштанд.
Хабарнигорони ТВ Маскав бо онҳо мулоқот ва хабари кӯтоҳе пахш карданд. Сокинон ҳамчунин рӯзи 12-уми августи соли 1989 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) гирдиҳамоӣ баргузор карданд. Ин нахустин митинге буд, ки дар ҷумҳурӣ барои гузаронданаш иҷозаи расмӣ дода шуда буд. Онњо шиорҳои зиёдеро ҳамроҳи худ оварда буданд, аз ҷумла: “Дуруд ба Горбачёв”, “Зинда бод ошкорбаёнӣ”, “Мақсади мо 150 метр паст шудани сарбанд”, “Мо лоиҳакашони шӯҳратпарастро маҳкум мекунем”, “Инсон даркор ё обанбор?” ва ғ.
Дар ин гирдиҳамоӣ зикр гардид, ки дар сурати кӯчондани сокинони як қатор деҳаҳо ҳазорон гектар боғу замин нобуд ва қабристонҳо вайрон мешавад. Дар ин митинге, ки 4-5 соат дар таги офтоби сӯзони тобистон давом кард, афроди зиёде сухан гуфтанд, аз ҷумла, Муаззам Бурҳонова. Ў зимни суханронии худ нуктаҳои асосии мақолаи худро такрор кард. Аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ Г.Кошлаков, муовини якуми раиси Шӯрои вазирон њарф зада, тазаккур дод, ки Тоҷикистон солона ба 4 миллиард киловатт соат эҳтиёҷ дорад, лињозо, барқро бо нархи гарон аз Узбекистон мехарад.
Сарфи назар аз ин, ӯ эълон дошт, ки ҳоло қарор шудааст, баландии сарбанди Роғун то 50 метр поин карда шавад. Ӯ дар айни замон таъкид кард, ки барои боз ҳам пасттар кардани сарбанд далелҳои илмӣ лозим аст.
Мудири нерӯгоҳи “Роғун” Н.Савченков дар митинг сухан ронда, тазаккур дод, ки ҳеч гуна лоиҳаи дигаре солҳои 1930 ва 1959 вуҷуд надоштанд ва баландии сарбанд аз ибтидо 335 метр муайян шуда буд. Зимни муроҷиат ба љамъомадагон таъкид кард, ки онҳо бояд 15-20 сол дуртарро фикр кунанд, зеро аҳолӣ бо суръати баланд меафзояд ва дар оянда хӯроку пӯшок зарур мешавад, вале аз ҳама муҳимтар бояд сокинон бо кор таъмин карда шаванд.
Ба қавли Савченков, агар дар ин бобат имрӯз наандешанд ва амал накунанд, оянда боз митинг мешавад ва набераҳои Шумо моро лаънат мехонанд, ки чаро ғами фардоро нахӯрдем. (Салим Аюбов. Гузориши “Дарди дили мардум ё ангезаҳои митинги Комсомолобод”. Ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, 17 августи соли 1989)
Ӯ дар фарҷоми суханронии худ ҳамчунин зикр кард: “Имрӯз талаб доред, ки сарбанд паст карда шавад. Бовар дорам, ки пас аз 15-20 сол “чаро чароғи барқӣ надорем?” -гуфта митинг мекунед. (А. Юлдошев. “Мухолифин чӣ мехоҳанд?”. Тоҷикистони советӣ, 18 августи соли 1989)
Елтсин: Лоиҳа хом аст
Дар охири ҳамон моҳ бо даъвати як гурӯҳ вакилони Шӯрои олии ИҶШС Б.Елтсин, раиси Госстройи ИҶШС ба Тоҷикистон омада, нерӯгоҳҳои Норак ва Сарбанд, ки сохтмонаш идома дошт, дид ва дар назди сокинони ин ду минтақа сухан ронд. Аммо мақсади асосии Елтсин НБО-и Роғун буд. Ӯ 31-уми август ба Комсомолобод (ҳоло Нуробод) рафт. Сокинон ӯро бо шиорҳои “Ҳамаи умеди комсомолободиҳо бо шумост, Борис Николаевич”, “Шараф ба депутати њақиқии мардум” ва ҳамчунин бо аксҳои худи ӯ пешвоз гирифтанд.
Елтсин дар назди митингчиён иброз дошт, ки тибқи қарори Совети вазирони СССР маблағгузорӣ ба Вазорати энергетикаи мамлакат 42 фоиз кам мешавад, аз ин рӯ, соли 1990 барои бунёди нерӯгоҳҳои Сангтўдаю Помир ҳамагӣ 2 миллион ҷудо мекунанд ва ин чунин маъно дорад, ки ин сохтмонҳо боздошта мешаванд. Аммо ӯ ҳамчун популисти ботаҷриба ваъда кард, ки мекӯшад барои идомаи ин ду иншоот 18 миллион сӯм ҷудо карда шавад. Маълум нест, ки ӯ ба ваъдааш истод ё не.
Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки пеш аз нақшакашї ва тартиб додани лоиҳа бояд масъулон фикри сокинонро пурсида, баъдан корро дар НБО Роғун сар мекарданд. “Дигар тарафи масъала кӯчидани мардум ва ахлоқу маънавиёти онҳост, ки умдатарин паҳлӯи кор аст, зеро ҳеҷ кас намехоҳад гӯри падару модар ва аҷдоди гузаштаи худро партояд ва ё ба ҷои дигар интиқол диҳад,” - изҳор дошт Б.Елтсин.
Дар фарҷом Елтсин гуфт, қариб бо ҳама асноду ҳуҷҷатҳои техникии ин сохтмон шинос шуда, чандин нақшаҳову лоиҳаҳоро баррасӣ намуда, ба чунин хулоса омадааст:
- Паст кардани сарбанд ҳатмӣ ва ногузир аст;
- Аз ҳисоби донишмандони мустақили ин соҳа ҳайати босалоҳияте тартиб дода, тамоми масъалаҳои заруриро баррасӣ намудан лозим меояд;
- Аввалан сарбандро то 120 метр сохта, истгоҳи барқиро ба кор мендозем ва чанд муддат мунтазир мешавем, ки то бубинем, ки табиат худро чӣ тавр нишон медиҳад.
Б.Елтсин ҳамчунин ваъда кард, ки аз роҳбарони Тоҷикистон тақозо мекунад, ки нақшаи ҳамаҷонибаи тараққиёти ноҳияи Комсомолободро тартиб диҳанд ва дар амалӣ шудани он кӯшиш намоянд (“Б. Елтсин. Паст кардани сарбанд ногузир аст”. Гузоришгар ва аккос М. Олимпур. Ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, 7 сентябри соли 1989)
Георгий Кошлаков, ки як ҳафта Елтсинро дар ҷумҳурӣ ҳамроҳӣ кард, дар хотироти худ мегӯяд: “Ба меҳмон “Норак” маъқул шуд, аз “Роғун” ба ваҷд омад, лек вақте як соат баъд мухолифони сохтмони иншооти муҳим ба ӯ муроҷиат карданд, онҳоро гӯш карду сипас гуфт: Бале, лоиҳа хом аст, фикр бояд кард”.
Ба қавли Кошлаков, вақте ки ҳамроҳ дар мошин мерафтанд, Елтсин ба ӯ рӯ оварда мегӯяд, ки сиёсат ҳамин аст. “Борис Николаевич, ин сиёсат нест, ин фоҳишагарист”, -посух медиҳад Г.Кошлаков.
Буҳрони иқтисодӣ – мушкили "Роғун"
Тартиб додани лоиҳаи “Роғун” ҳанӯз соли 1967 шурӯъ шуда буд ва чунон ки қаблан зикр кардем, баъди тасдиқи лоиҳа тасмим гирифта шуд, ки дар соли 1993 пурра ба кор дарояд. Аммо сарфи назар аз ин, қабл аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ҳамагӣ 40 метри сарбанди “Роғун” сохта шуду бас. Ағлаб ба ин боваранд, ки гуё мухолифати шоир Гулрухсор ва ё норозигии сокинони ноҳияҳое, ки деҳаҳояшон бояд зери об мерафтанд, имкон надоданд, ки нерӯгоҳ сохта шавад.
Ба назари ман, ин андеша чандон дуруст нест, зеро агар Маскав мехост, мисли солҳои рукуд аз ҳеч кас намепурсид ва онро ба анҷом мерасонд. Ин ҷо барои тақвияти ин фикр танҳо як далел меорам. Чунон ки қаблан ишора кардам, чунин норозигиҳо ҳанӯз дар даврони Брежнев дар Русия шуруъ шуда буданд. Яке аз мухолифони гигантомания дар ин соҳа нависандаи машҳури рус Валентин Распутин, муаллифи “Прошание с Матерой” буд.
Лек худи Б.Елтсин - “падари демократияи рус” ва “идеали демократҳои тоҷик”, ки мухолифати худро бо “Роғун” бо сароҳат баён дошта буд, соли 1991 президенти Русия интихоб гашт ва сарфи назар аз вазъи бади кишвараш ба нерӯгоҳи “Саяно Шушенск”, ки сохтмонаш ҳанӯз соли 1963 шурӯъ шуда буд, мухолифат накард ва он ахиран соли 2000 пурра ба анҷом расид.
Ба андешаи инљониб, мушкилоти “Роғун” замони бозсозии Горбачёв шиддат гирифт ва иллати он бӯҳрони иқтисодӣ буд. Чунон ки қаблан гуфтем, дар ибтидои солҳои 80-ум барои ин иншоот маблағи зарурӣ ҷудо нашуд. Умуман, дар панҷсолаи 11-ум (солҳои 1981-1986) ба маблағи 138 миллион сӯм кор иҷро шуд. (Имрӯзу фардои Роғун. Маҷаллаи “Агитатори Тоҷикистон, соли 1986. №3, саҳ.10)
Барои панҷсолаи 12-ум, яъне солҳои 1986-1991 тибқи лоиҳаи “Роҳҳои асосии тараққиёти хоҷагии халқ” бояд ба арзиши 400 миллион сӯм кор анҷом дода мешуд, ки нисбат ба панҷсолаи 11-ум ду баробар зиёдтар буд. (Имрӯзу фардои Роғун. Маҷаллаи “Агитатори Тоҷикистон”, Соли 1986, №.3, саҳ.13)
Аммо Маскав барои “Роғун” на чунин пул дошт, на хоҳиши додани чунин маблағи калон.
Георгий Кошлаков зимни суханронии худ дар митинги Комсомолобод рӯзи 31-уми августи соли 1989 изҳор дошт, ки барои сохтмони “Роғун” аллакай 500 миллион сӯм масраф гардидааст (С.Аюбов. “Дарди дили мардум”. Ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, 7 сентябри соли 1989)
Аз гуфтаҳои Кошлаков чунин хулоса бармеояд, ки барои пурра ба анҷом расондани нерӯгоҳ бояд ҳадди ақал 1 миллиард сӯми дигар дар давоми 4 соли минбаъда масраф мегардид. Аммо дар шароити бӯҳрони афзояндаи иқтисодӣ ба ихтиёри “Роғун” супоридани чунин маблағ аз имкон берун буд.
Муҳаққиқи тоҷик Ҳасан Асоев, ки дар боби “Роғун” чанд китоб таълиф кардааст, менависад, соли 1989 буҷети ин иншоот 40 дар сад коҳиш ёфт, аз ин рӯ, мутахассисони варзида бо баҳонаи кам будани маош аз кор рафтанд (Ҳ. Асоев. “НБО “Роғун намунае аз иқтисоди сабзи минтақа”. Душанбе, соли 2022. саҳ.50 -51)
Анҷом
Сабабҳои асосии бӯҳрони иқтисодӣ дар марҳилаи аввали бозсозӣ маъракаи зиддимашрубот, фоҷиаи Чернобил дар моҳи апрели соли 1986 ва коҳиш ёфтани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ аз 35 доллар то 15 доллар буд. Ҳамчунин маблағҳои зиёде барои бартараф кардани хисороти заминҷунбӣ дар шаҳрҳои Спитак ва Ленинакани Арманистон (моҳи декабри соли 1988) сарф гардиданд.
Охири солҳои 80-ум шахтёрҳои Кузбассу Донетск корпартоиро шурӯъ карда, ба буҷети ИҶШС зарба заданд. Дар натиҷа, дар соли 1987 дефитсити буҷети ИҶШС 17 миллиард сӯмро ташкил дод ва як сол баъд он ба 60 миллиард расид, дар соли 1989 то 92 млрд сӯм афзоиш ёфт. Аз ҷониби дигар, то соли 1983 қарзи хориҷии ИҶШС 5 миллиард сӯм буд. Дар соли 1984 он ба 15 миллиард, дар соли 1986 ба 30 миллиард расид ва дар соли 1989 50 миллиардро ташкил дод.
Дар солҳои 1989-1990 нахустин бор баъди ҶБВ дар садҳо шаҳру ноҳияҳои Иттиҳоди Шӯравӣ системаи карточка ҷорӣ гардид. Дар Маскав, ки он замон худи ман донишҷӯ будам, собун, хамираи дандон ва як қатор молҳои ниёзи мардумро танҳо ба шахсоне медоданд, ки дар паспорташон қайди Маскавро доштанд.
Муҳимтар аз ҳама, дар охири солҳои 80-ум дар Кремл аллакай дарк карда буданд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ суқут мекунад, бино бар ин, сарфи маблағҳои ҳангуфтро барои сохтмони нерӯгоҳ дар ҷумҳурие, ки дар ояндаи наздик аз метрополия ҷудо мешуд, нолозим медонистанд. Баъд аз қабули Қонун дар бораи забон дар охири моҳи июли соли 1989 эмигратсияи мутахассисони баландихтисоси ғайритоҷик, ки аз Русияву дигар ҷумҳуриҳо омада буданд, шурӯъ шуд. Воқеаҳои хунини баҳманмоҳи соли 1990 дар Душанбе ин равандро суръат бахшид ва авҷи ин ҳаракат ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омад, аммо ин мавзӯи дигар аст.