Нокомии се гуштигири тоҷик дар рӯзи аввали "Abu Dhabi Grand Slam 2022"

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи байнулмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абузаби – ҷараён дорад, ноком шуданд.

Дар ин мусобиқа, ки бори ҳафтум бо мақоми “Grand Slam” ё “Тоскулоҳи бузург” баргузор шудааст, беш аз 400 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок доранд. Рақобатҳо дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат мегирад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон даҳ варзишгар (8 мард ва 2 зан) дохиланд. Дар рӯзи аввали мусобиқа – 21-уми октябр - занон дар се вазн - 48, 52 ва 57 кило, мардон бошанд, дар ду вазн – 60 ва 66 кило қувва озмуданд.

Дар вазни то 57 кило Тоҷикистонро Шоҳида Қаландарова намояндагӣ кард. Вай дар даври аввал аз намояндаи Италия - Вероника Тониоло мағлуб шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар сабқати мардон ду паҳлавони тоҷик - Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кило ва Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 66 кило – вориди рақобат шуданд.

Муслимбек, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Аҳмад Ал Нақбӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб дастболо шуд, вале дар даври баъдӣ аз Темур Нозадзеи гурҷӣ шикаст хӯрд.

Шаҳбоз ҳам ба рақобат аз даври дувум пардохт ва Мунис Ҳавсавиро аз Арабистони Саудӣ мағлуб кард. Аммо дар даври севум қувваозмоиро ба Мартин Алберто Гаитеро аз Испания бохт.

Дар рӯзи дувуми мусобиқа – 22-юми октябр - ду паҳлавони тоҷик - Муҳаммадшариф Наҷмиддинов ва Шодмон Ризоев - вориди сабқат мешаванд. Наҷмиддинов дар вазни то 73 кило дар даври дувум бо Ҷек Ёнезука аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ризоев дар вазни то 81 кило дар даври дувум бо Муҳаммад Ал Ҳаҷрӣ аз Арабистони Саудӣ нерӯсанҷӣ мекунанд.

Инчунин рӯзи шанбе Мавлуда Одинаева дар сабқати занон дар вазни то 63 кило дар даври аввал бо Амина Белкадӣ аз Алҷазоир рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа – 23-юми октябр - ҷаҳор паҳлавони тоҷик ба рақобат мепардозанд. Дар вазни то 90 кило Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал бо Ҳаррисон Кассар аз Австралия ва Комроншоҳи Устопириён бо Карел Фоуберт аз Белгия, Абубакри Акобир дар вазни то 100 кило дар даври дувум бо Симеон Катарина аз Нидерланд ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Бекмурод Олтибоев (Узбекистон)/Мустафо Форана (Гвинея) рақобат хоҳанд кард.

Ғолибону ҷоизадорон ба ҷуз аз медал бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба барандагони медали тилло 5000 евро, медали нуқра - 3000 ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1500 евро тақдим мегардад.

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Варзишгароне, ки медали тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Ҳамчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ хоҳанд шуд.

Барномаи мусобиқа:

21-уми октябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

22-юми октябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

23-юми октябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2021” се медал – 1 нуқра ва 2 биринҷӣ - гирифта буданд. Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён медали нуқра ва Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷӣ ба даст оварданд. Медали дигари биринҷиро Темур Раҳимов дар вазни +100 кило соҳиб шуд.