Баъди натиҷагирии се бозии мавқуфмондаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар баргузор шуд, мавқеи пешсафон дар ҷадвали мусобиқот тағйир наёфт.
Дар бозии мавқуфмондаи даври панҷум, ки 19-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, дастаи мизбон - «Истиқлол» - тими «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Дар ин бозӣ ҳамлагари душанбегиҳо Манучеҳр Ҷалилов, ки ба дарвозаи меҳмонон ду тӯб зад, дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот бо 11 гол ба ҷойи аввал баромад.
Бозии мавқуфмондаи даври даҳум миёни дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо пирӯзии низомиён бо ҳисоби 2:0 ба поён расид. Дар ин бозӣ, ки 19-уми октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар доир гардид, то дақиқаи 89-ум ҳисоб 0:0 буд. Дар дақиқаи охирини замони асосии дидор ва дар дақиқаи сеюми иловакардаи сардовар меҳмонон ду гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд.
Бозии дигари мавқуфмондаи даври даҳум, ки 15-уми октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода сурат гирифта буд, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ «Истиқлол»-и Душанбе бо касби 38 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Хатлон”-и Бохтар ва «Равшан»-и Кӯлоб, ки 27-имтиёзӣ гирифтаанд, мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.
Зимнан, дар бошгоҳи «Равшан»-и Кӯлоб сармураббии нав таъйин шуд. Зайниддин Раҳимов дар ин вазифа Боирҷон Эгамбердиевро, ки баъди бохт аз "Истиқлол" (0:2) бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт, иваз кард. Раҳимов чанде пеш аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо хоҳиши худ истеъфо дода буд.
Ба ин тартиб, шумораи бозиҳои ҳамаи дастаҳо дар мусобиқаи имсола баробар – 17-тоӣ шуд. Мубориза барои медалҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ идома хоҳад кард. “Истиқлол”, ки аз рақибони наздиктаринаш 11 имтиёз зиёд дорад, мудаии аслии медалҳои тилло ва унвони қаҳрамонист. Барои медалҳои нуқраю биринҷӣ дастаҳое, ки дар ҷадвали мусобиқот дар ҷойҳои аз дувум то панҷум қарор доранд, талош меварзанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022
Лигаи олӣ
Бозии мавқуфгузоштаи даври 10-ум
«Хатлон» – КМВА – 0:2
Голҳо: Хуршед Темур-Ҷӯраев, 90 (0:1). Аласса Монгбет, 90+3 (0:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Хуршед Темур-Ҷӯраев (КМВА).
19 октябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1000 тамошобин.
Бозии мавқуфгузоштаи даври 5-ум
«Истиқлол» – «Файзканд» – 3:1
Голҳо: Шавкати Ҳотам, 19 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 55 (1:1). Гонсало Габриел Ритакко, 68 (2:1). Манучеҳр Ҷалилов, 84 (3:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
19 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.
Бозии мавқуфгузоштаи даври 10-ум
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 27 (0:1). Самандар Очилов, 30 (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»).
15 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
17 |
11 |
5 |
1 |
37-10 |
38 |
2 |
«Хатлон» (Бохтар) |
17 |
7 |
6 |
4 |
15-10 |
27 |
3 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
17 |
7 |
6 |
4 |
19-16 |
27 |
4 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
17 |
7 |
5 |
5 |
20-12 |
26 |
5 |
КМВА (Душанбе) |
17 |
7 |
3 |
7 |
21-23 |
24 |
6 |
«Файзканд» (Восеъ) |
17 |
6 |
4 |
7 |
18-28 |
22 |
7 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
17 |
5 |
4 |
8 |
22-19 |
19 |
8 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
17 |
5 |
4 |
8 |
21-28 |
19 |
9 |
«Равшан» (Зафаробод) |
17 |
4 |
6 |
7 |
19-34 |
18 |
10 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
16 |
3 |
3 |
11 |
13-25 |
12 |
Голзанҳои пешқадам: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 11 тӯб, Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Эсхата») – 10-тӯбӣ.
Даври 18-ум
21 октябр (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 15:00
«Равшан» (Зафаробод) – «Регар-ТадАЗ»
22 октябр (шанбе)
«Хуҷанд» – «Эсхата»
«Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон»
23 октябр (якшанбе)
«Истаравшан» – «Файзканд»
КМВА – «Истиқлол»