Марги як кӯдаки 8-сола дар Бухоро дар натиҷаи таркиши зарфи газ

Акс аз бойгонӣ.

Дар яке аз хонаҳо дар вилояти Бухорои Узбекистон зарфи газ таркидааст.

Дар натиҷа кӯдаки 8-солае захм бардошта, дар беморхона фавтидааст.

Додситонии кулли Узбекистон хабар медиҳад, ки ин ҳодиса рӯзи 16-уми октябр рух додааст.

Таркиш дар манзиле дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Қарақули вилояти Бухоро сар задааст. Додситонии ноҳия таҳқиқи ҳодисаро шуруъ кардааст.