Баҳси мубориза бо терроризм ва амнияти марзҳо дар Душанбе. Намояндаи Қирғизистон наомад. ВИДЕО

Нишаст рӯзи 19-уми октябр идома мекунад

Намояндагони даҳҳо кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ дар Душанбе мавзӯи мубориза бо терроризм ва таҳкими амниятро дар марзҳо баҳс карданд. Ин нишаст зери чатри Созмони Милал баргузор шуд. Намояндагони Қирғизистон наомаданд, ҳарчанд номашон дар рӯйхат буд.

“Хатар ба кишварҳои ОМ зиёд шудааст”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози нишаст гуфт, Душанбе барои таҳкими марз бо Афғонистон дар ду соли охир 175 иншооти сарҳадӣ сохта, лозим аст, боз 300 иншооти дигар бисозад.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр сарҳад дорад ва як қисми он дар минтақаҳои назораташ душвор ҷойгир шудааст. “Бо омӯзиши вазъи феълӣ ҳукумати Тоҷикистон диққати худро ба ҳифзи сарҳади давлатӣ равон кардааст, то аз пешгирии интиқоли ҷангиён ва маводи мухаддир пешгирӣ шавад. Вазъи феълӣ ва ғасби ҳудудҳо аз сӯи террористон хатар ба кишварҳои ОМ-ро зиёд кардааст,” – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Мавзӯи суҳбати аксар иштирокдорон таҳдидҳо аз Афғонистон баъди ба қудрат расидани гурӯҳи тундрави Толибон буд. Владимир Тарабрин, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия, “аз ҳамла ваҳшатноки террористӣ” ба сафорати ин кишвар дар Кобул ёд кард. Дар ин таркиш, ки рӯзи 5-уми сентябри имсол рух дод, ду кас кушта ва камаш 11 нафар захмӣ шуданд.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Душанбе гуфт, ин ҳамла “далели ҷиддии муҳим будани муттаҳидӣ дар мубориза ба терроризм, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мебошад.” Изҳороти ин мақомдори рус дар ҳолест, ки Маскав талош дорад, бо Толибон равобити хуб дошта бошад.

Афғонистон кишвари амн барои террористон аст?

Намояндагони Толибон борҳо гуфтаанд, иҷоза намедиҳанд, хоки Афғонистон барои ҳамла ба ҳамсояҳо истифода шавад. Аммо ҳузури ҷангҷӯёни ДОИШ ва “Ал-Қоида” дар ин кишвар исбот шудааст. Аз ҷумла, мақомоти амрикоӣ рӯзи 31-уми июли имсол эълон карданд, ки Айман Аз-Завоҳирӣ, роҳбари “Ал-Қоида”-ро дар маркази шаҳри Кобул тариқи ҳавопаймои бесарнишинӣ куштаанд. Дар аввал Толибон ин хабарро рад карданд, вале баъдан гуфтанд, аз омадани роҳбари “Ал-Қоида” ба Кобул хабар надоштанд.

Қосими Бекмуҳаммад

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақа, мегӯяд, Афғонистон ба яке аз минтақаҳои амн барои ҳузури ифротиён ва террористон табдил шудааст.

“Бархилофи иддаои раҳбарони Толибон барои роҳ надодан ба ҳузур ва нуфузи террористҳо ба кишварҳои ҳамсоя, тайи беш аз як соли гузашта шоҳиди он набудем, ки ҳатто як террористро ба кишваре истирдод карда бошанд,” -- афзуд Қосими Бекмуҳаммад.

Чаро намояндагони Қирғизистон наомаданд?

Тибқи эълони ташкилкунандагон, дар ҳамоиши Душанбе 723 кас ҳузурӣ ва тариқи маҷозӣ ширкат карданд. Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал ва мақомоти дигари баландпояи созмон дар нишаст суханронӣ карданд.

Ба ҷуз аз Қирғизистон, фиристодаҳои аксар кишварҳои минтақа дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ба Душанбе омаданд. Дар рӯйхатҳои ибтидоии ширкаткунандагон, номи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон буд, вале маълум нест, чаро намояндагони ин кишвар ба Душанбе наомадаанд. карданд. Равобити Бишкек ва Душанбе баъди як муноқишаи хунин дар марз, ки моҳи сентябри имсол иттифоқ уфтод, ба сардӣ гароидааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Душанбе таҳдид аз Афғонистон баррасӣ шуд

Қарор аст, дар поёни нишасти байнулмилалии муқовимат бо терроризм ва таҳкими амният дар марзҳо, эъломияи Душанбе қабул карда шавад. Иштирокдорони ҳамоиш ба ин назар тавофуқ доштанд, ки терроризм ба ҳама кишварҳои ҷаҳон хатар дорад ва бояд мубориза бо он тақвият дода шавад, аммо аз усули мушаххаси мубориза ном намебурданд. Ба ҷуз ин ки бояд аз истифодаи фанновариҳои навин аз сӯи террористон пешгирӣ карда шавад.