Се бонки Қирғизистон аз ҳамкорӣ бо низоми русии "Мир" даст кашидаанд

Акс аз бойгонӣ.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон хабар медиҳанд, ки бонкҳои тиҷории "Компаньон", "Дос-Кредобанк" ва "Бакайбанк"-и ин кишвар хидматрасонӣ ба кортҳои низоми пардохтии русии "Мир"-ро қатъ кардаанд.

Масъулони бонкҳои мазкур дар суҳбат бо хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карданд.

Дар "Дос-Кредобанк" гуфтанд, ки тасмими қатъи ҳамкорӣ бо низоми пардохти мазкур 17 октябр гирифта шудааст. Вале сабабашро шарҳ надоданд.

Масъулони "Компаньон" изҳор доштанд, ки аз 4 октябри имсол хидматрасонӣ ба соҳибони кортҳои мазкурро қатъ кардаанд.

Сухангӯи бонки миллии Қирғизистон Аида Карабаева гуфт, бонкҳои тиҷории он кишвар дар мавриди ҳамкорӣ мустақилона тасмим мегиранд.