Мансабдорони Тоҷикистон чанд сол пеш иддао карда буданд, ки истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар ба қадри кофӣ ҳаст ва маҳудияти он моли таърих шуда. Аммо ҳар сол дар тирамоҳу зимистон ба таври ошкору ниҳон интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум кам мекунанд. Баъзан камобиро баҳона пеш меоранд, баъзан таъмири хату зеристгоҳҳои барқиро. Дар айни замон содироти барқро ба берун, аз ҷумла Афғонистон идома медиҳанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки чаро маҳдудияти нерӯи барқ моли таърих нашуд?
- "Дар мо рӯзона ва шабона барқ нест. Мегӯянд, ки аз ҳисоби камобист. Шояд дуруст бошад."
- "Ба фикри ман, истифодаи барқ зиёд шудааст. Биноҳои нав сохта истодаанд, ҳамаи инҳо барқ истифода мекунанд. Дуздии барқ ҳам аст."
- "Барқро медузданд. Дуздии барқ ҳама вақт буд. Баъд эълон накарда маҳдудият ҷорӣ мекунанд."
- "Дар мо гоҳ барқ ҳаст, гоҳе нест, лекин сабабашро намегӯянд. Агар масъулон надонанд, мо намедонем, ки чаро ин мушкил ҳал намешавад."
- "Масъулон бояд кор кунанд. Назорат баранд. Мумкин сабаби дигар ҳам дошта бошад. Таъмир мегӯянд, лекин намедонем то куҷо ин дуруст аст."
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад