"Рақс накардам, ба поям тир заданд." Шиканҷагоҳҳои Русия дар Украина. ВИДЕО

Ҷасади сарбозони украинӣ дар наздикии Изюм. Моҳи сентябри 2022

Мақомоти Украина мегӯянд, дар 10 маҳаллаи шаҳри озодшудаи Изюм утоқҳоеро пайдо кардаанд, ки нерӯҳои Русия дар онҳо сокинони оддӣ ва сарбозони украиниро азобу шиканҷа медоданд. Асирони собиқе, ки дар ин шиканҷагоҳҳо будаанд, аз латукӯбҳои бераҳмона, азият бо нерӯи барқу сигорҳои нимсӯхта нақл карданд.

Микола Масякин яке аз сарбозонест, ки моҳи апрели имсол ҳангоми ишғоли шаҳр ба дасти нерӯҳои Русия афтодааст. Ӯ мегӯяд, “ба сарам халта кашиданд. Ба нерӯи барқ мемонданд. Мезаданд.”

Масякин афзуд, ӯро дар шифохонаи матруки нимавайрона азоб додаанд. “Аз дастонам бо завлона овехтанд ва бо чӯб заданд. Бо мушту лагад, бо чӯб мезаданд, бо сигору гӯгирд баданамро месӯзонданд. Осораш ҳаст. Тир меандохтанд, фармон медоданд, бирақсем. Рақс накардам, ба поям тир заданд.

Моҳи сентябри имсол, вақте Изюмро озод карданд, аз як гӯри дастҷамъӣ 440 ҷасад ёфтанд. Дастони баъзе дар пушт баста ва устухонҳояшон шикаста буд. Мақомоти Украина мегӯянд, дар шаҳри Изюм 10 шиканҷагоҳ пайдо карданд.

Олександр Филчаков, додситони вилояти Харков, гуфт: “Ҳар рӯз хешовандони яке пеши мо меоянду мегӯянд, ки ё рафиқашон ё аъзои оилаашонро сарбозони рус шиканҷа кардаанд.”

Сарбози украинӣ Андрий Котсарро нерӯҳои Русия вақти ишғоли шаҳри Изюм асир гирифтанд: “Ҳеч гоҳ ба рӯям намезаданд. Ба гурдаву ҷигар мезаданд. Ба сутунмуҳраам бисёр сахт мезаданд. Саъй мекарданд, ки доғу осори зарба намонад, намедонам чаро.”

Котсар мегӯяд, ки ӯро раҳо карданд, вале батакрор боздошт мекарданду азобу шиканҷа медоданд. Ӯ дар ниҳоят, ба калисо паноҳ бурд.

“Дар ин макон оромиш ёфтам. Роҳибон ба ман имкон доданд, зинда бимонам. Агар онҳо набуданд, шояд ман зинда набудам. Онҳо маро наҷот доданд,” – нақл кард ӯ.

Андрий Котсар ҳоло бо роҳибон кору зиндагӣ ва аз ин роҳ доғҳои ҷисму равонашро муолиҷа мекунад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Гуфтанд, рақс кун, накардам. Ба поям тир холӣ карданд". Қиссаи асири собиқи украинӣ