Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад. Вай дар бораи сафараш тавассути Твиттер хабар дод.
Шарл Мишел бо даъвати президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзҳои 26-27-уми октябр ба шаҳри Остона меравад ва дар мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат меварзад.
Вай рӯзи 28-уми октябр дар шаҳри Тошканд бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтугӯ хоҳад кард.
"Иттиҳоди Аврупо омодаи тақвияти робитаҳо бо Осиёи Марказӣ ҳаст ва аз ҳамкории минтақавӣ ҳимоят мекунад", - навишт Шарл Мишел.