Ҳазорҳо шаҳрванди Русия, ки баъди эълони сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш ба Тоҷикистон гурехтаанд, дар бораи ин кишвар ва мардумаш назари дигаре дар зеҳнашон пайдо шудааст.
Бархе гуфтанд, баръакси он ки дар Русия нисбати тоҷикон чандон муносибати самимона сурат намегирад, ин ҷо бештар эҳтирому меҳрубониро диданд. Гурӯҳи дигар иқрор шуданд, ки дар бораи Тоҷикистон ва сатҳи иқтисоду зиндагии мардумаш тақрибан маълумоте надоштанд.
Таваҷҷӯҳи онҳоро биноҳои баланду замонавӣ ва мошинҳои гаронарзиши сокинони кишваре, ки рӯзгори хонаводаҳояш ба муҳоҷирати меҳнатӣ бастагӣ дорад, ҷалб кардааст.
Рӯзи 7-уми октябр хабарнигорони Радиои Озодӣ бо чанде аз шаҳрвандони Русия, ки ба тозагӣ вориди Душанбе шудаанд, суҳбат карданд.
Посухи чанде аз онҳоро инҷо бихонед:
- "То омадан ба Тоҷикистон тақрибан дар бораи ин кишвар ҳеҷ чиз намедонистам. Ман ин шаҳр, ин кишварро ҳамчун кишваре, ки ба он ҷо муҳоҷир мешавам, дар назар надоштам. Чипта харида ба ин ҷо парвоз кардем. Аз меҳмондорӣ дар ин ҷо дар ҳайрат афтодем. Каме шарм ҳам кардем, ки дар бораи ин кишвар кам чизе медонем. Дар воқеъ хеле ҷолиб аст ин ҷо. Чизи зебое, ки ин ҷо ҳаст, одамонаш мебошанд. Мо дар Русия ба дағалгуфторӣ одат кардаем. Инҷо мо барои сабтином кардан рафтем. Занҳои зебо дар идораи давлатӣ кор мекунанд. Дар ин хел ҷойҳо дар Русия ба шумо дағалӣ мекунанд. Аммо ин ҷо одамони хеле ҳалим ҳастанд. Ман намедонам чӣ гуям."
- "Мутаассифона дар Русия ман бо тоҷикон робитаи зиёде надоштам. Танҳо робитаи ман бо онҳо ин буд, ки тоҷикон дар манзили ман каме таъмир карда буданд. Бо тоҷикон чанд боре дар бозор рӯ ба рӯ шуда будам, вақте ба ман мева фурухта буданд. Тасаввури ман аз онҳо ин буд, ки онҳо одамоне ҳастанд, ки омодаанд, ҳамеша ба шумо гуш диҳанд, бо шумо созиш кунанд. Он кореро, ки барои ман карда буданд, хеле босифат анҷом дода буданд. Аз ин баъд агар ман коргареро аз миёни ҳамватанони худ ва тоҷикон интихоб карданӣ шавам, ман ба тоҷикон бартарӣ хоҳам дод. На барои он ки бо нархи каме арзонтар кор мекунанд, балки барои он ки онҳо корро бовиҷдонона иҷро мекунанд."
- "Аз назари аввал ин ҷо одамон начандон сарватмандона зиндагӣ мекунанд. Ҳарчанд дар кӯчаҳо мошинҳои гаронарзиши хориҷиро зиёд мебинед. Мошинҳои русӣ аҳёнан ба назар мерасанд. Шояд мошинҳои хориҷӣ ин ҷо арзон бошад. Ба назарам мардум бепул нестанд ин ҷо. Барои муайян кардани сатҳи зиндагӣ дар инҷо бояд меъёрҳои муайяне бошад, ки мо баҳо диҳем. Ба фикри ман ин ҷо ба таври кофӣ амн ҳаст, он чи ки ман эҳсос кардам. Ман ба натиҷае расидам, ки ин ҷо одамон хуб зиндагӣ мекунанд."
- "Ман аз Шарқи Дур ҳастам, он ҷо ба тоҷикон коре надоранд. Медонам, ки дар Маскав ва вилояти Маскав ба тоҷикон муносибати начандон содиқона доранд. Вақте ки мо ба ин ҷо омадем, воқеан дар ҳайрат афтодем, хеле хуб муносибат мекарданд, одамон хеле ҳалим ҳастанд, бомулоҳиза ҳастанд, кушиш мекунанд, ки ёрӣ расонанд, шаҳр хеле зебо аст. Ҳама таассуротамон мусбат аст. Самимона ташаккур мегӯям."
- "Ман дақиқ мегуям, ки барои боз ҳам пешрафт талошҳои зиёде зарур аст. Ба фикри ман бисёр корҳои дигарро анҷом додан даркор. Дар бахши тиб, ҳаракат дар роҳҳо, умуман барои пешрафт дар ҳама бахшҳо. Ин ҷо нархҳо хеле олӣ аст, маҳсулоти ширӣ, аз рӯи ҳақиқат гӯем, аз Русия дида болаззаттар аст. Касе чизе нагӯяд ҳам, ин воқеият аст. Ҷурғоту, қаймоқҳои болаззат ин ҷо омода мешавад, ки гарон нест. Албатта нархи гушт ин ҷо ҳам тақрибан ба Русия баробар аст."
- "Вақте ман ба ин ҷо парвоз кардам, тасаввур мекардам, ки ин ҷо чизе нест. На чунин роҳҳову манзилҳои зебо. Ман дар кишварҳои зиёде будам, ман дар Тайланд, Фаронса ва Дубай будам. Дар муқоиса Душанбе барои ман бештар ба Дубай монанд аст. Ин ҷо меъмории хеле зебо аст, ин ҷо сохтмонҳи зиёде идома дорад. Дар ин ҷо кучаҳо тозаву озода ҳаст, бисёр хушат меояд."