Ҷумъаи хунин. Ҳафтаи гузашта дар Зоҳидон чӣ рух дод?

Зоҳидон, Эрон. 30-юми сентябри соли 2022.

Рӯзи ҷумъаи гузашта дар пайи хушунатҳо дар Зоҳидон -- маркази вилояти Систон ва Балучистони Эрон даҳҳо нафар кушта шуданд. Мақомоти Эрон аз нақши гурӯҳҳои "ҷудоиталаб" дар ин ҳодиса сухан гуфтанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ин эътирозҳо асосан мардуми оддӣ кушта шуданд.

Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми ҷумъаи аҳли суннати Зоҳидон дар бораи ҳамлаи хунин ба намозгузорони зоҳидонӣ дар рӯзи ҷумъаи 30-юми сентябр гуфт, ки нерӯҳои вижа, ки бар тан либоси низомӣ доштанд, мардумро ҳадаф қарор доданд.

Ин рӯҳонии саршинос гуфтааст, ки "мардумро ба гурӯҳакҳои ҷудоиталаб рабт доданд, дар ҳоле, ки дар ин ҳодиса на Ҷайл Ал-Адл ва на ҳеҷ гурӯҳаки дигаре нақш надоштаанд".

Мақомоти Эрон бо такя ба мақомоти вилояти Систон ва Балуҷистон шумораи ҷонбохтагони ин ҳодисаро танҳо 19 тан гуфтанд ва шумораи захмиҳоро 20 нафар.

Пас аз намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз шаҳрвандони Зоҳидон дар эътироз ба таҷовузи як духтари 15-сола, дар назди як идораи пулис ҷамъ омаданд. Кормандони пулис ба сӯи онҳо тирандозӣ кард. Расонаҳо ва мақомҳои расмии Эрон гуфтанд, ки гурӯҳи "Ҷайш Ал-Адл" масъули ин ҳамла мебошад. "Ҷайш Ал-Адл" як гурӯҳи мусаллаҳи балучҳо аст, ки алайҳи Эрон амалиёт анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, созмони Афви байналмилал рӯзи панҷшанбеи 6-уми октябр бо нашри гузорише аз кушта шудани дастикам 82 нафар эътирозгари балуч ва афроди оддӣ дар эътирозҳои Зоҳидон хабар дод.

Ин ниҳоди мудофеи ҳуқуқи башар мегӯяд, нерӯҳои амниятии Эрон пас аз намози ҷумъаи 30-юми сентябр дар Зоҳидон бо тирандозӣ ва гази ашковар ба тарафи эътирозгарон, тамошогарон ва намозгузорон, дастикам 66 нафар, аз ҷумла кӯдаконро куштанд ва садҳо нафарро маҷрӯҳ карданд. Аз он вақт то кунун 16 нафари дигар дар ҳодисаҳои алоҳида дар Зоҳидон кушта шуданд.

Ин гузориш меафзояд, санаду далелҳои ҷамъоваришуда аз фаъолон, хонаводаҳои қурбониён, шаҳодати шоҳидони айнӣ ва аксҳо ва наворҳои тазоҳурот нишон медиҳад, ки шумораи воқеии кушташудагони Зоҳидон эҳтимолан бештар аст.

Ин гузориш меафзояд, куштори 30-юми сентябр дар Зоҳидон хунинтарин куштор аз замони оғози эътирозҳои мардумии Эрон ба кушта шудани Маҳсо Аминӣ дар боздошти пулиси ахлоқи Эрон аст.

Дабири кулли созмони Афви байналмилал мегӯяд, мақомоти Эрон борҳо ба ҷони инсонҳо бетаваҷҷуҳӣ нишон дода, барои ҳифзи қудрат аз ҳеҷ коре даст накашидаанд.