Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, як ҷавон ба ӯ бо "элеткрошокер" ҳамла кард, вале ангезааш маълум нест. Маъмурони милиса ҳодисаро тасдиқ карда, дар айни ҳол гуфтанд, ки ҳамлавар бемори рӯҳист.
Шарифзодаи 76-сола имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ рӯзи 6-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса ҳафтаи гузашта ва ҳангоми хондани намози ҷаноза рӯй дод.
"Ҷавон дар паси ман будааст, вале фикр мекунам, танҳо набуд. Вай бо "электрошокер" зад. Ҳамроҳонаш аз дасти ӯ гирифта, ишора карданд, ки бигурезад. Гуфтам, кордор нашавед, паноҳаш ба Худо," – нақл кард ӯ.
Дар идораи милисаи Кӯлоб гуфтанд, ҳувият ё шахсияти ҳамлаварро маълум карданд ва ӯ гирифтори бемории равонӣ аст. Аз ин бештар ҷузъиёт надоданд. Маълум нест, қазия бо ҳамин пӯшида шудааст ё таҳқиқ идома хоҳад кард. Дар ҳоле ки Шарифзода иддао дорад, ки "ҳамлавар танҳо набуд".
Мулло Ҳайдар Шарифзода гуфт, пайвандони ҷавон ба назди ӯ ҳам рафта маъзарат хостанд ва чун осеби ҷиддӣ надида буд, "аз гуноҳаш гузашт". Ҳамзамон бим дорад, ки ҷавон ба дигарон осеб нарасонад.
Ин рӯҳониро дар минтақаи Кӯлоб бо мавъизаҳои баҳсбарангезаш мешиносанд. Худаш мегӯяд, ҳадафаш танҳо тарбияи ҷомеа аст, на чизи дигар.
"Ман ба касе кор надорам. Мардумро насиҳат мекунаму роҳи ростро нишон медиҳам, бас. Ба ягон кас душманӣ надорам. Ҳаққи касеро нахӯрдаам, касеро дашном надодаам. Дар ин ҳодиса чизеро намефаҳмам," -- афзуд ӯ рӯзи 6-уми октябр.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шарифзода дар солҳои 90-ум узви Шӯрои олии Тоҷикистон буд ва дар гирудорҳои дохилӣ низ ширкати фаъол дошту аз тарафдорони ҳукумати феълӣ ба шумор мерафт.
Солҳои охир агарчи аз сиёсат канор рафтааст, номаш чанд дафъа дар пайванд ба изҳороташ дар бораи иштироки ҷавонон дар ҷанги Ироқу Сурия, ташкили китобхонау кам кардани масҷидҳо ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистону сӯхтори хонааш дар сархати расонаҳо қарор гирифт.