"Ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ доғи дигаре ба рӯйи Тоҷикистон аст" ВИДЕО

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон ҳукми рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро "бисёр ноодилона" хонда, озодии фаврии ӯро талаб карданд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 4-уми октябр Ғурбатиро ба ҷурми зӯроварӣ нисбати маъмурони милиса, таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар созмони ифротӣ ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард. Худаш дар мурофиаи охирин гуфтааст, гуноҳе накарда, бо созмонҳои мамнуъ низ ҳеч пайванд надорад.

Жанна Кавелйе, мудири бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз:

Жанна Кавелйе

"Абдуллоҳ Ғурбатӣ бар асоси айбномаи сохта дар пайванд бо экстремизм ба ҳафт солу шаш моҳ зиндон маҳкум шуд. Мо масъули САҲА дар масоили озодии баён Тереза Рибейроро, ки бо ҳайате дар Тоҷикистон аст, дар бораи ҳукм хабардор кардем. Аз ӯ хостем, ки вокуниши бисёр сахт нишон диҳад. Гузоришгарони Бидуни Марз билофосила озод кардани ӯро тақозо мекунад. Баъд аз соли 2015 президент Эмомалӣ Раҳмон як фазои даҳшатбореро эҷод кардааст, ки журналистон мавриди азияту озор ҳастанд ва ба худсонсурӣ мегузаранд. Ҳоло вазъият аз он ҳам бадтар шудааст. Тоҷикистон дар миёни 180 кишвар аз назари озодии баён дар мақоми 152-юм ҷойгир аст."

Сийнат Султоналиева, муҳаққиқи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch):

Сийнат Султоналиева

"Ҳукми хабарнигор ва блогер Абдуллоҳ Ғурбатӣ ноодилона аст ва ба обрӯйи бе ин ҳам доғдори Тоҷикистон аз назари вазъи ҳуқуқи башар доғи дигаре зам мекунад. Танқиди кори сохторҳои давлатӣ ҷиноят нест, бахусус вақте чунин танқид аз забони журналистону блогерон садо медиҳад. Ин вазифаи аввалиндараҷаи онҳост. Абдуллоҳ Ғурбатӣ барои фаъолиятҳои касбиаш мавриди таъқиби ҳукумат қарор гирифт. Озодии баён маҳаки ҷомеаи бозу демократӣ аст ва дар чунин ҷомеа ҳолатҳое ба монанди таъқиби журналистону шахсони дигари дорои андешаи танқидӣ вуҷуд надоранд. Мақомот бояд Абдуллоҳ Ғурбатиро билофосила озод карда, таъқиби журналистону блогеронро хотима диҳанд."

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон:

Нуриддин Қаршибоев

"Ҳарчанд ин ҳукм ғайриинтизор набуд, ба андешаи ман, ҳукми бисёр ноодилона аст. Барои чӣ ғайриинтизор набуд? Мо шоҳиди он будем, ки мурофиа паси дарҳои пӯшида гузашт. Судя дархости Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва вакили мудофеашро ба эътибор нагирифт. Ин чиз адолати судиеро, ки бояд таъмин мешуд, зери суол бурд. Агар гуноҳҳои Абдуллоҳро бо далелҳои шаъйӣ исбот карда метавонистанд, мақомот ин парвандаро дар мурофиаи озод баррасӣ мекарданд. Он вақт ҷомеа огоҳ мешуд, ки ӯ чӣ гуноҳе кардааст. Тамоми созмонҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар ин қазия ва қазияҳои дигари вобаста ба озодии матбуотро дар Тоҷикистон пайгирӣ мекунанд. Гумон дорам, ҳукми суд ба имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократӣ латмаи сахте хоҳад зад."

Абдумалик Қодиров, таҳлилгар:

Абдумалик Қодиров

"Ростӣ, то охир мунтазир будам, ки додгоҳ ҳукми сафед қабул мекунад. Умеде ба ақли солим ва адолати судӣ доштам. Мутаассифона, ҳукми додгоҳ ба ҳамон тарзе баромад, ки моҳҳои охир дар Тоҷикистон “муд” шудааст. Яъне, ноодилона. Ҳукми Абдуллоҳ нишонаи он аст, ки “мошинаи судӣ”-и мо дигар ба касе аз журналистону блогерони боздоштшуда тараҳҳум ва адолатро раво нахоҳад дид ва ҳамаи онҳоро низ чунин ҳукмҳо интизор аст. Раво дидани чунин ҳукмҳои ноодилона нишона аз вазнинтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон, ба хусус озодии баён, ва шадидтар шудани фишор болои озодандешон мебошад, ки хилофи ҳама гуна уҳдадориҳои кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Мутаассифона, чунин ҳолатҳои поймол кардани ҳуқуқи журналистон имсол хеле зиёд шуд, ки оқибаташ барои кишвар ҳузнангез аст."

Мазҳаб Ҷумъа, ҳамкори пешини Абдуллоҳ Ғурбатӣ:

Мазҳаб Ҷумъа

"Ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ бисёр сангин ва боварнакарданист. Чунин менамояд, ки ҳадаф қасосгирӣ ва бо ин роҳ ҳушдор додан ба журналистону озодандешони дигар аст. Ҳамин ки мурофиа пушти дарҳои баста ва дар СИЗО баргузор шуд, нақзи қонунгузорӣ ва поймол шудани ҳуқуқи инсон аст. Бар замми ин, дар рӯзи эълони ҳукм ҳатто яке аз наздиконаш, ҳамсар ва ё модарашро хабардор накарданд. Бидуни огоҳии онҳо ҳукмро хонданд. Ин ҳама бори дигар собит мекунад, ки дар баррасии парванда ишколҳое вуҷуд дошта ва бояд дар зинаҳои болоии додгоҳ ислоҳ карда шавад."

Наворро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ доғи дигаре ба рӯйи Тоҷикистон аст"

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

26-сола аст ва солҳои охир ҳамчун журналисту блогери мустақил кор мекард. Дар гузоришҳояш дар Ютуб масоили ҳассоси иҷтимоиро ба баҳс гирифта, аз кори мақомот башиддат танқид мекард. Дар гузашта дар хабаргузории "Азия-Плюс", нашрияи "Пайк" ва Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон кор кардааст. Моҳи майи соли 2020 ду дафъа мавриди ҳамла қарор гирифт. Бори аввали дар назди хонааш дар Душанбе ва бори дувум замоне ки мехост аз вазъи сокинони селзадаи Хуросон гузориш диҳад.