Дар Қирғизистон қонуни басеҷ ва додани аслиҳа ба сокинони наздимарзӣ баҳс шуд

Акс аз бойгонӣ

Аъзои Кумитаи умури байнулмилалӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон рӯзи 3-юми октябр тарҳи қонунеро баррасӣ карданд, ки имкон медиҳад, “дар ҳолатҳои фавқулода” ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии Бодканд ва Ӯши он кишвар аслиҳа дода шавад.

Вакили порлумон Марлен Маматалиев гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки ҳамаи ташаббусҳои вакилон баъди низоъ дар сарҳади Қирғизистон бо Тоҷикистон, дар як санад гирдоварӣ шавад.

Ба гуфтаи вай, ҳоло пешниҳод аст, ки ба 4 қонун - "Дар бораи омодагии басеҷ ва басеҷи низомӣ дар Қирғизистон", "Дар бораи уҳдадориҳои ҳатмии ҳарбии шаҳрвандони Қирғизистон", "Дар бораи аслиҳа" ва "Дар бораи масъулони марз" тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

"Баъд аз ҳодисаҳои Бодканд мо бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кардем. Онҳо мехоҳанд, ки имкони ихтиёран басеҷ шуданро дошта бошанд. Онҷо шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба шикор машғуланд, омодагии низомӣ доранд. Ҳамчунин мо мехоҳем, ба қонунҳо тағйирот ворид кунем ва ба ин тартиб, дар ҳолатҳои алоҳида ба касоне ҳам силоҳ дода шавад, ки таҷрибаи низомӣ надоранд. Аммо ин маънои онро надорад, ки якбора ба ҳама силоҳ диҳанд, тарбит ва раванди онро бояд вазорати корҳои дохилӣ танзим кунад,” - гуфт вакил.

Пас аз баҳсу баррасӣ ин тарҳи қонун дар кумитаи мазкури порлумони Қирғизистон қабул шудааст.

Равобити Душанбе ва Бишкек дар бештар аз як соли охир пурмушкил шудааст. Далели тира шудани равобити Тоҷикистону Қирғизистон сар задани муноқишаҳои пайиҳам дар марзи ду кишвар гуфта мешавад.

Аз ҷумла, дар даргирии рӯзҳои 14-17-уми сентябр аз ҳарду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Ҳарду тараф якдигарро дар ин кор гунаҳкор мекунанд.