"МО ҶАНГ НАМЕХОҲЕМ"
Аз Оқтеппа то Оренбург бе мушкил рафтан мумкин аст, вале роҳ ба самти муқобил — аз вилояти Оренбург то Қазоқистон — баръакс, хеле душвор. Мардум чанд рӯз боз дар навбат истодаанд, то сарҳади Қазоқистонро гузаранд.
Русҳо сарҳадро пиёда, бо мошин ё автобус мегузаранд. Бисёре аз онҳо рӯҳафтода ба назар мерасанд, бо изтироб ба атроф менигаранд ва кӯшиш мекунанд, бо одамони бегона суҳбат накунанд. Аз навбатпоии зиёд ҳам хаста шуда, борхалтаҳои вазнинро базӯр мебардоранд.
Анна Михайлова бо шавҳараш аз шаҳри Княгининои вилояти Нижний Новгород омадааст. Онҳо мегӯянд, аз маҳалли зисти худ то Оренбург ҳазор километрро бо мошин тай карданд, вале дар марз дармонданд ва ин бахши мушкили сафарашон буд. Ба гуфтаи Михайлова, қатори мошинҳо ҳадди ақал 15 километр тӯл кашидааст.
Анна Михайлова дар донишгоҳ ба муҳандисону иқтисоддонҳои оянда дарс медиҳад. Шавҳараш Алексей Михайлов дар "Ростелеком" ҳамчун муҳандис кор мекунад. Онҳо пинҳон намедоранд, ки аз басеҷи нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия гурехтаанд. Ду духтари ноболиғи онҳо, хонандагони синфҳои ибтидоӣ, дар Русия дар назди бобову бибӣ монданд.
"Шавҳарам билети ҳарбӣ дорад ва онҷо ҳамчун корманди мухобирот сабт шудааст. Мо бо Украина ҷанг кардан намехоҳем. Мо куштан намехоҳем. Мо зидди "амалиёти махсус" ҳастем. Мо зидди он будем, ки Қримро гирифтанд, аммо коре карда намешавад. Бисёриҳо ҷонибдори "амалиёти махсус” ҳастанд. Мардон тайёранд, ки ба ҷанг раванд. Таблиғгарон онҳоро мағзшӯӣ кардаанд," -- мегӯяд Анна Михайлова.
Зану шавҳар намедонанд, ки дар кадом шаҳри Қазоқистон зиндагӣ мекунанд. Онҳо ният доранд, чанд рӯз дар Оқтеппа истанд. Дар пеши "Жигули"-и кӯҳнаи онҳо нишонаҳои православӣ мавҷуд аст. Анна Михайлова мегӯяд, рӯзҳои охир дуоеро, ки модараш ҳамеша ба ӯ таълим медод, такрор ба такрор мехонад.
"Одами бисёр диндор нестам. Калисои мо сиёсӣ шудааст. Ҳукумат ба калисо медарояд. Дар шаҳрҳои хурд ва дар беруни кишвар, шояд рӯҳониён бештар инсондӯст бошанд, аммо дар шаҳрҳои бузург маълум аст, ки онҳо умуман дар бораи имон ҳарф намезананд," – гуфт зан.
Бисёре аз меҳмонон он қадар боз нестанд. Онҳо аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд ва агар розӣ шаванд ҳам, сухани худро хеле бодиққат интихоб мекунанд. Аксари онҳо аз суолҳо дар бораи ба ном референдум дар минтақаҳои Украина ва сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ худдорӣ меварзанд.
ҶАВОНОНУ МИЁНСОЛОН ДАР ЧӢ ФИКРАНД?
Мардоне, ки бе зану фарзанд омадаанд, умедвори бозгашт ба хона пас аз беҳбуди вазъ ҳастанд. Онҳо мехоҳанд, дар шаҳрҳои марзии Қазоқистон мунтазир шаванд ё ба Алмаато ва Остона бираванд.
Андрей, марди миёнсол аз Санкт-Петербург, ки дар марз интизори таксӣ буд, худро "хоин" намедонад. Баъзе аз мақомоти баландпояи Русия пас аз гурехтани гуруҳи зиёди мардон ба хориҷа, гуфтаанд, "кишвар аз онҳое, ки бо мардум нест, пок мешавад".
"Ман намехоҳам, ки барои Путин мубориза кунам. Барои ҳамин, кишварро тарк кардам. Ман ватанамро намефурӯшам! Ҳеч гоҳ ба ватанам хиёнат накардаам. Вазъият ба зудӣ тағйир меёбад, умед дорам, ба Русия бармегардам," - мегӯяд Андрей.
Насли нав умдатан ба кишварҳои хориҷӣ мераванд. Никита, сокини Ростови лаби Дон, мегӯяд, ба Сербистон рафтанист. Таҳиягари нармафзори компютерӣ бар ин назар аст, ки пайдо кардани кор барои мутахассиси фанновариҳои нав дар гӯшаҳои дунё мушкил нахоҳад буд.
"Орзуҳое дорам, ки метарсам, дар Русия амалӣ карда наметавонам. Вазъияти ҳозира баёнгари он аст, ки кишвар пӯшида мешавад," -- мегӯяд Никита.
Тимур аз Маскав ба Қазоқистон омадааст ва ният дорад, ба Тайланд парвоз кунад. Ӯ мегӯяд, дар як ширкати тавлиди машруботи спиртӣ масъули фурӯш буд ва пештар аз он дар буфет кор кардааст. Рӯзи дигар баъди эълони сафарбаркунии мақомоти Русия бо мошин ба Қазоқистон расид.
"НАМЕХОҲАМ, ФАРЗАНДОНАМ ЯТИМ ШАВАНД"
Бархе аз он метарсанд, ки Русия афроди фирориро ба ҷустуҷӯ медиҳад ва мақомоти Қазоқистон онҳоро ба кишвар бармегардонанд. Аз ин рӯ, мехоҳанд, аз минтақаҳои марзӣ то ҳадди имкон ба дарунтари Қазоқистон бираванд.
Елена, ки бо шавҳару фарзандонаш аз Маскав фирор кардааст, пас аз чанде тасмим гирифт, ба Бишкек равад. "Ману шавҳарам ҳам табиб ҳастем. Агар даст рӯи даст монда менишастем, аввал шавҳарамро ба ҷанг мефиристоданду баъд маро. Намехоҳам, ки фарзандонам ятим монанд. Аз ин рӯ, маҷбур шудем, Русияро тарк кунем," -- гуфт ӯ.
"Онҳое буданд, ки мегуфтанд, дар кишвари бегона ба мо фишор меоранд, фарзандонамонро “хоин” мегӯянд. Вале мо ояндаи бачаҳоро фикр мекунем. Кӯдакон чӣ мефаҳманд? Вақте дар мошин мусиқӣ садо медиҳад, онҳо рақс мекунанд,” -- мегӯяд Елена.
Дар миёни муҳоҷирон занони ҳомила ва занони соҳиби кӯдак низ ҳастанд. Модарон барои гузаштан аз марз соатҳо дар навбат меистанд, аз сармо ва гуруснагии кӯдакон мегӯянду ашк мерезанд.
Дар наздикии марз ронандагони таксӣ бисёранд. Нархи роҳкиро аз сарҳади Қазоқистону Русия то Оқтеппа афзудааст. Ихтиёриён кӯшиш мекунанд, ба онҳое, ки аз сафарбаркунӣ гурехтаанд, мадад расонанд. Онҳо барои русҳо манзили муваққатӣ меёбанд. Дар ҳоли ҳозир дар Оқтеппа меҳмонхонаҳои холӣ ва хонаҳои иҷора намондааст. Билетҳо ба ҳавопаймову қатора (поезд) аз Оқтеппа ба шаҳрҳои дигар фурӯхта шудаанд.
Дар марказҳои хидматрасонӣ ва идораи муҳоҷирати Оқтеппа навбатҳои дароз ба вуҷуд омадааст. Тибқи иттилои ҳукумати вилояти Оқтеппа, аз 22 то 28-уми сентябр аз вилояти Оренбург беш аз 17 ҳазор мард ва тақрибан 5 ҳазор зан ба ин вилоят омадаанд. Мақомоти маҳаллӣ шумораи кӯдаконро нишон намедиҳанд.