Мақомоти Украина хабар доданд, ки дар минтақаи Лимани вилояти Луҳански Украина беш аз 5 ҳазор афсару сарбози русро муҳосира кардаанд.
Украиниҳо бо баландгӯяк, аз онҳо даъват кардаанд, ки таслим шаванд, вагарна кушта хоҳанд шуд.
Рӯзи 1-уми октябр Сергей Гайдай, раиси идораи низомии вилояти Луҳанск, эълон кард, ки пеш аз муҳосира фармондеҳони рус ба беш аз 5 ҳазор сарбозу афсари зери итоаташон иҷоза надодаанд, ки ақибнишинӣ кунанд ва ба онҳо фармони муқобилият додаанд. Ӯ гуфт, ки ҳоло ҳама роҳҳо баста шудааст ва дигар низомиёни рус имкони берун шудан аз муҳосираро надоранд. Ба қавли ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба ин назаранд, ки русҳо ё талоши бо ҷанг берун шудан аз муҳосираро мекунанд ё таслим мешаванд, чун роҳи дигаре надоранд.
Мақомоти Украина эълон карданд, ки чанд минтақаро дар вилояти Луҳанск аз русҳо озод карданд. Хабари дар муҳосира қарор доштани теъдоди зиёди низомиёни рус шоми 30-уми сентябр пайдо шуд.
Тарас Березоветс, афсари украинӣ, ки дар наздикии Лиман меҷангад, дар мусоҳиба бо телевизиони "Current Time" тасдиқ кардааст, ки ҳазорон низомии рус дар муҳосира аст ва аз онҳо даъват доранд, ки таслим шаванд.
Вазорати дифои Русия дар бораи муҳосираи низомиёни Русия дар Лиман чизе нагуфтааст, аммо "раҳбари"-и ба истилоҳ ҷумҳурии худхондаи Донетск Денис Пушилин рӯзи 30-уми сентябр таъйид кард, ки нерӯҳои Русия дар Лиман дармондаанд ва онҷо ҷангҳои сахт идома дорад.
Украина дар ду моҳи ахир дар хатти чабҳаи ҷанг бо Русия пешравӣ дорад ва даҳҳо минтақаро аз тасарруфи русҳо озод кардааст. Бо ин вуҷуд, рӯзи 30-уми сентябр Владимир Путин, президенти Русия чанд минтақаи нимаишғолшударо хоки Русия эълон кард. Украина дар посух барои шомил шудан ба созмони низомии НАТО ариза дод.
Русия рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард ва ин ҷанг то кунун идома дорад.