Ин қарорро Путин дар ҳузури садҳо намояндагони элитаи кишвараш рӯзи 30-юми сентябр дар Маскав имзо кард ва вилоятҳои Луҳанск, Донетск, Ҳерсон ва Запарожяро ба Русия ҳамроҳ намуд.
Дар суханронии зиддиғарбиаш, ки дар оғози маросим дошт, Путин ИМА ва Аврупоро барои, ба гуфтааш, амалҳое, ки садсолаҳо идома доранд, мисли ғуломдорӣ, мустамликадорӣ, истифодаи силоҳи атомӣ гунаҳгор кард, ҳарфе, ки бовар меравад барои сафед кардани ғасби қаламравҳои украинӣ ба кор бурд. Ин амалҳои Русия чун ғайриқонунӣ маҳкумияти ҷаҳон ва СММ-ро ба бор овард. Путин гуфт, “сокинони Луҳанск, Донетск, Запорожя ва Ҳерсон шаҳрванди Русия мешаванд”. Ӯ гуфт: “Онҳо интихоби худро карданд ва Русия ба онҳо хиёнат намекунад. Мо бо тамоми васила заминҳои худро дифоъ хоҳем кард. Ин рисолати азими озодисозӣ барои кишвари мо аст”.
Ин маросим се рӯз баъди анҷоми референдумҳои сохташудаи Кремлин дар бораи гӯё пайвастани қаламравҳо ба Русия баргузор шуд ва натиҷаҳои онро Киеву Ғарб ҳамчун ғасби қаламравҳо бо роҳҳои мусаллаҳона маҳкум карданд.
Дар ин маросим раҳбарони ин чор минтақаи аз ҷониби Маскав таъиншуда иштирок карданд.
Ин чор қаламрав ҳамсарҳади нимҷазираи ҳамчунин соли 2014 ғайриқонунӣ ишғол ва ҳамроҳшудаи Қрими Украина ба Русия мебошанд. Ҳамаи ин панҷ минтақа 20 дарсади қаламравҳои Украинаро ташкил медиҳанд.
Владимир Зеленский, президенти Украина, ки нирӯҳояш ҳафтаҳои охир бомуваффақият ба артиши русӣ муқовимат нишон дода бархе қаламравҳоро озод мекунанд, ваъда дод, ки посухи сангине медиҳад ва дар як ҷаласаи изтирорӣ вазирони қудратиро ҷамъ кард. Ӯ дар Телеграм каналаш гуфт, ки мавзӯи таъминоти низомӣ ва артиш ва ҳам иқдомҳои баъдии артиши Русияро баррасӣ кардаанд.
Рӯзи 29 сентябр ИМА ва СММ нақшаҳои Русия барои ғасби қаламравҳои украиниро маҳкум карданд. Нахуствазири Бритониё Лиз Трасс Путинро барои “ошкоро нодида гирифтани ҳаёти мардуми украинӣ, ки ӯ гӯё аз онҳо дифоъ мекунад”, маҳкум кард. Ӯ гуфт, ки Бритониё ҳеҷ гоҳ ин ишғолгариҳоро эътироф нахоҳад кард. Президенти Олмон Френк-Валтер Штейнмайер ҳам референдуми тақаллубиву ишғоли қаламравҳоро аз ҷониби Русия маҳкум кард. Ӯ гуфт, “мо ба ном натиҷаҳоро қабул нахоҳем кард, мо тағйири хати марзро қабул нахоҳем кард”.
Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ИМА ҳеҷ гоҳ иддаоҳои Русия сари қаламравҳои украиниро эътироф намекунад ва котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки натиҷаҳо “ба ҳеҷ сурат баёнгари иродаи мардуми Украина нест”.
Дар ҳоле, ки Вашингтону Иттиҳоди Аврупо ҷорӣ кардани таҳримҳои иловагиро барои дар инзиво гузоштани Русия омода мекунанд, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як занги телефонӣ аз Путин хост, ки барои коҳиши танишҳо иқдом кунад. Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш гуфт, ғасби қаламравҳо хатари “тавсеаи хатарноки” вазъ ва ҳам ба ҳам задани дурнамои сулҳро дорад. Ӯ гуфт, ки ғасби минтақаҳои Донетск, Луҳанск, Ҳерсон ва Запарожяи Украина “арзиши қонунӣ надорад ва сазовори маҳкум кардан аст”.
Ӯ гуфт, ин қарор “паёмадҳои фоҷеаборе ба иқтисоди сайёра, бахусус ба кишварҳои дар ҳоли рушд ва тавонмандии мо дар анҷоми амалиёти наҷоти инсонҳо дар Украинаву берун аз он” хоҳад дошт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Путин "аҳдномаи ҳамроҳкунӣ"-и чор минтақаи украиниро имзо мекунад. Зеленский ваъдаи посухи сангин додАмрико ба Украина 1,1 миллиард доллари дигар ёрӣ медиҳад