Дар муноқиша дар марз тақрибан 10 масҷидро "задаанд"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан даҳ масҷидро дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров нишон гирифтаанд. Ҷониби Қирғизистон қазияро шарҳ надодааст. Сокинон мегӯянд, масҷид дар Исфара маҳалли серодам аст ва шояд ҳадафмандона зери ҳамла монда.