Тибқи як гузориши бахши марказии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар пайи эълони басеҷи нерӯҳои эҳтиётӣ дар Русия, ҳудуди 100 ҳазор мард аз он кишвар ба Осиёи Миёна омадаанд. Ин гузориш мегӯяд, дар шаҳри Орали Қазоқистон мақомоти маҳаллӣ ночор шудаанд, ба садҳо фирории рус дар толорҳои синамо ва паркҳо сарпаноҳ бидиҳанд.
Бинобар ин гузориш, раванди вуруди русҳо ҳамчунин боиси боло рафтани нархи иҷораи хона ва эътирози шаҳрвандони қазоқ шудааст. Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, аз нияти худ барои гуфтугӯ бо Маскав барои пешгирӣ аз ин ҳуҷуми мавҷи муҳоҷирон хабар дод.
Тибқи ин гузориши Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ, дар Тошканд, пойтахти Узбекистон ва дигар шаҳрҳои он кишвар шумори зиёде аз мардони рус "сармозада, хаста ва гурусна" дар кӯчаҳои ин шаҳрҳо ҳузур доранд.
Мақомоти тоҷик шумораи русиягиҳоеро, ки ахиран вориди Тоҷикистон шуданд, эълон накардаанд. Тибқи мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, ин шабу рӯз меҳмонхонаҳои пойтахти Тоҷикистон аз муштариён пур аст ва масъулини меҳмонхонаҳо гуфтаанд, то чанд рӯзи дигар утоқҳои холӣ надоранд. Шумораи зиёди русиягиҳо дар шаҳрҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Хуҷанд ҳузур доранд.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Гурҷистон рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, шумораи афроде, ки аз Русия ба ин кишвар ворид мешаванд, дар рӯзҳои ахир тақрибан ду баробар шуда, аз панҷ ҳазор то шаш ҳазор нафари пешина ба 10 ҳазор нафар дар рӯз расидааст.
Мақомоти марзбонии Муғулистон ҳам гуфтаанд, ки вуруди русҳо ба ин кишвар се баробар шудаааст ва рӯзе ба се ҳазор расидааст.
Ҳамзамон, тайи рӯзҳои гузашта эътирозҳо ба сарбозгирӣ барои басеҷи бахше аз нерӯҳои эҳтиётии артиши Русия дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар идома доштааст ва беш аз ду ҳазор нафар дар 35 шаҳри Русия бинобар мухолифат бо ин фармон боздошт шудаанд.
Дар ҷараёни даргирии пулис бо эътирозгарон дар Доғистон, ки бештари сокинони он мусалмонон ҳастанд, низ ҳадди ақал 100 нафар дар ду рӯзи гузашта боздошт шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар Иркутск низ як ҷавони 25-сола ба тарафи дафтари сабти номи сарбозони эҳтиётӣ, тирандозӣ кардааст.