Нуралӣ Давлат, таърихнигор
Мувофиқи созишномае, ки миёни нерӯҳои мардумӣ, президенту Шӯрои олӣ ва ҳукумат ҳосил шуда буд, бояд тамоми моликияти Ҳизби коммунист то рӯзи номнавис шуданаш миллӣ кунонида мешуд.
Хабарнигори ҳафтаномаи “Чароғи рӯз”, Абдуқаюми Қаюмзод, дар таҳқиқоти худ дар тобистони соли 1992 менависад, иттиҳодияи тиҷоративу истеҳсолии “ЭКОМПТ” (Экономика Коммунистической Партии Таджикистана) соҳиби миллионҳо рубл буд, лек на ҳама медонанд, ки мудири кулли он М.Пӯлодов, ки ҳамзамон вазифаи мудири Шӯъбаи коргузории КМ ҲКТ-ро ба зимма дошт, ин ҳама маблағро дар куҷо пинҳон кард, бо киҳо ба ҳам дид ва чӣ гуна обу лой намуд?
Абдуқаюми Қаюмзод дар ин иртибот феҳрасти корхонаҳоеро меорад, ки аз “ЭКОМПТ” пули калон гирифтаанд, аммо аз фоидаи гардиши ин рублҳо ба “ЭКОМПТ”-и Пӯлодов чизе намедиҳанд. Дар феҳрасти чопкардаи Қаюмзод номи он ширкатҳо зикр шудаанд:
- Маркази тиҷоратии “Алянс”, шаҳри Маскав — 700 ҳазор рубл
- Хонаи савдои “Энита”, шаҳри Маскав — 10 миллион рубл
- Фирма Чосон “Япония”, шаҳри Маскав — 2,5 миллион рубл
- Агрофирмаи “Хуҷанд”, шаҳри Хуҷанд — 400 ҳазор рубл
- ЭКОМПТ “Регистон”, шаҳри Душанбе — 700 ҳазор рубл
- Корхонаи хурди “Парвин”, шаҳри Душанбе — 100 ҳазор рубл
- ЭКОМПТ “Сино”, шаҳри Душанбе — 50 ҳазор рубл
- ЭКОМПТ “Қӯрғонтеппа”, шаҳри Қӯрғонтеппа — 160 ҳазор рубл
- ЭКОМПТ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш.Хоруғ — 400 ҳазор рубл
- Фирмаи “Восеъ”, ноҳияи Восеъ — 100 ҳазор рубл
- Маркази тиҷоратии «Мастчоҳ», ноҳияи Мастчоҳ — 138 ҳазор рубл
- Совхози ба номи А.Ғуломов, ноҳияи Ёвон — 200 ҳазор рубл
- Фирмаи рассомии «Спитамен», шаҳри Душанбе — 90 ҳазор рубл
- ЭКОМПТ Вилнюс, шаҳри Вилнюс – 400 ҳазор рубл
- Коргоҳи нонпазии Кофарниҳон — 50 ҳазор рубл.
Дар умум, 16 миллиону 850 ҳазор рубл. Ба навиштаи Қаюмзод, филиали “ЭКОМПТ” дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва соҳиби 400 ҳазор рубл гардида, роҳбари он домоди Қаҳҳор Маҳкамов будааст. Маркази тиҷоратии Мастчоҳ, ки молики 138 ҳазор рубл гашт, дар дасти собиқ котиби дувуми Ҳизби коммунисти ҳамин ноҳия будааст, корхонаи муштараки “Эдланд”, ки бо пулҳои Ҳизби коммунист фаъолият дошт, дар ихтиёри писарони собиқ сарвазир Иззатулло Ҳаёев ва собиқ муовини сарвазир А.Самадов будааст.
Роҳбарияти нави кишвар низ аз ҲКТ ҷонибдорӣ мекард. Аз ин рӯ, соли 1994 ин ташкилоти сиёсӣ номзадии раиси Шӯрои олӣ Эмомалӣ Раҳмоновро барои ширкат дар интихоботи президентӣ пешбарӣ кард.
Аммо хабарнигори ҳафтаномаи “Адолат” Абдулвоҳиди Аъламхон менависад, тибқи ҳуҷҷатҳо дар тобистони соли 1992, бинои Девони вазирон ва қароргоҳи раиси ҷумҳур сад дар сад ба Ҳизби коммунист тааллуқ дошта, аз 3 ду қисмати он ба ҳукумат ба иҷора дода шудааст. Хабарнигор мегӯяд, дар Шартномаи №9/547, ки моҳи сентябри соли 1991 имзо шудааст, биноҳои ба иҷора додашуда 4054,5 метри мураббаъро ташкил медодааст ва ба истиснои ин, 2266,85 метри мураббаъ биноҳои ёрирасон низ ба он шомил мешудааст.
Ҳамин тавр, Девони Вазирон ва КМ Ҳизби коммунист нархи ҳар метри квадратии биноҳои асосиро 0,70 рубл ва нархи ҳар метри квадратии иморатҳои ёрирасонро 0,30 рубл муқаррар кардаанд. Аз ин рӯ, нархи яксолаи зиёда аз сад ҳуҷра ва даҳҳо бинои ёрирасон, ки 6300 метри квадратӣ будааст, ҳамагӣ 156958 (!) рублро ташкил медодааст.
А.Аъламхон бо тааҷҷуб менависад, ки бо ин нархи "гарон" ҳоло дар шаҳри Душанбе фақат як манзили дуҳуҷраӣ харидан мумкин асту бас. Аммо дар бинои нави идораи нашрияҳо (воқеъ дар хиёбони С.Шерозӣ, ҳоло “Шарқи озод”), нашрияи "Адолат" барои ҳар метри мураббаи ду ҳуҷрае, ки иҷора мегирад, соле қариб 1000 рубл месупорад.
“Сарони нашриёти "Тоҷикистон" (собиқ нашриёти КМ ҲК Тоҷикистон) барои ҳар метри квадратии иҷора дар идораи нашрияҳо соле то ҳазор рубл мегирад, аммо Ҳизби коммунист аз ҳукумат барои ҳар метри квадратии иҷора аз 30 то 70 тин мегирад, ҳарчанд ин бино на аз пули ҳизб, балки аз пули мардуми заҳматкаш бино ёфтааст”, - хулоса мекунад дар фарҷом хабарнигори “Адолат”.
Коммунистон "дар либоси нав"
Баъди бекор кардани моддаи 6-и Конститутсияи ИҶШС дар мавриди нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ дар ҷомеа маълум буд, ки дар ояндаи наздик яккатозии ин ташкилоти сиёсӣ на танҳо хотима меёбад, балки шояд он қудратро низ аз даст диҳад.
Аз ин рӯ, дар ҷумҳуриҳои аврупоии ИҶШС, Қафқоз ва бархеи дигар аҳзоби нав ба вуҷуд омаданд. Нахустин ташкилоти сиёсиро диссидентҳо ва ё “Коммунистон дар платформаи демократӣ” таъсис доданд. Лек солҳои баъдӣ дар ҷумҳуриҳои мазкур фаъолон ва шаҳрвандони одӣ низ тибқи қонун аҳзоби сиёсӣ таъсис доданд.
Дар Тоҷикистон нахустин ё дуюмин ҳизби ғайрикоммунистӣ Ҳизби демократ буд, ки баъди ним соли лағви моддаи 6-и Конститутсияи Тоҷикистон аз оғози фаъолияти худ дарак дод. Асосгузори ин ҳизб файласуфи марксист Шодмон Юсуф, хатмкардаи аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятии назди ҲКИШ, воқеъ дар шаҳри Маскав буд. Аммо ба фарқ аз ҷумҳуриҳои дигари собиқи Шӯравӣ, дар замони истиқлол низ аксари аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби коммунистон ташкил ёфтанд.
Аҳзоби замони истиқлол
Дар ибтидо, соли 1994, Абдумаҷид Достиев, шунавандаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд Ҳизби халқии Тоҷикистонро ташкил кард. Баъдҳо номи он дар ибтидо ба Ҳизби халқӣ-демократӣ, сипас ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон иваз шуд ва ҳоло наздики чоряк аср аст, ки роҳбарии онро президент Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад.
Ду сол баъд, яъне соли 1996 аъзои ҲКИШ Сафаралӣ Кенҷаев, ки дар барканор кардани Қаҳҳор Маҳкамов аз мансаби президентӣ ва Қадриддин Аслонов аз вазифаи Шӯрои олӣ яке аз нақшҳои асосиро бозида буд, Ҳизби сотсиалистиро таъсис дод.
Соли 1998 собиқ котиби КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҳикматулло Насриддинов Ҳизби аграриро ташкил кард, аммо як сол баъд фаъолияташ бас шуд. Соли 2005 бо чунин ном ҳизби дигар бунёд ёфт, ки роҳбарии онро собиқадори мақомоти ҲКТ Амир Қароқулов ба ӯҳда дошт. Аммо Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки дар оғози истиқлол аз ҷониби оппозитсия ба тамоми гуноҳҳо айбдор мешуд, барои наздики 4 моҳ Ҳизби сотсиалистӣ эълон шуду баъдан номи пештараашро баргардонд.
Дар баҳори соли 1992 ҳизби мазкур аз ҳукумати Раҳмон Набиев ҷонибдорӣ кард, афроди таъсиргузори ин ҳизб дар майдони Озодӣ суханронӣ мекарданд. Аз ин рӯ, соли 1993 Ҳизби коммунист танҳо ташкилоти сиёсие буд, ки фаъолияташро дар кишвар озодона идома медод.
Ҳама ҳаракату аҳзоби сиёсии дигар дар кишвар, ки асосан оппозитсионӣ буданд, тобистони соли 1993 мамнӯъ эълон гардиданд. Роҳбарияти нави кишвар низ аз ҲКТ ҷонибдорӣ мекард, ба ин хотир соли 1994 ин ташкилоти сиёсӣ номзадии раиси Шӯрои олӣ Э.Раҳмоновро барои ширкат дар интихоботи президентӣ пешбарӣ кард.
Оё Ленин тасаввур мекард, ки баъди 70 сол муҷассамаҳои ӯро дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, бо “кран” мекананд ва як гуруҳ рӯйи ҳайкали афтидаву шикастаааш рақсу бозӣ мекунанд?
Дар интихоботи президентии с.1999 Ҳизби коммунист аз номзадии Э.Раҳмон ҷонибдорӣ кард, аммо дар интихоботҳои баъдӣ номзадҳои худро пешбарӣ намуд.
Дар тӯли солҳои зиёд раиси Ҳизби коммунист Шодӣ Шабдолов ва муовини ӯ Исмоил Талбаков аз камтарин вакилон дар порлумони ҷумҳурӣ буданд, ки доир ба масъалаҳои муҳим андешаашонро баён мекарданд. Тибқи иттилои “Википедия", дар интихоботи Шӯрои олӣ дар соли 1995 ҲКТ соҳиби 60 мандат аз 181 ҷой гардида буд. Дар соли 2000 ҲКТ аз 63 ҷой дар Маҷлиси намояндагон 13 мандатро соҳиб шуд. Аммо дар чор интихоботи охир ҲКТ танҳо соҳиби 2-мандатӣ шуд.
Ленин ҳам ҳайкалшикан буд
Таърих дар давраҳои сарнавиштсоз гардишҳои зиёде дорад ва воқеоти ибтидои солҳои 90-ум инро бори дигар собит кард. Дар соли 1991 барои муваққатан манъ кардани фаъолияти Ҳизби коммунист Қаҳҳор Маҳкамову Қадриддин Аслоновро аз мансабҳои президенту раиси порлумон барканор карданд, барои ҳайкали Ленинро кандан Мақсуд Икромовро ба маҳбас шинонданд.
Муҳимтар аз ҳама, бӯҳрони ҷиддии сиёсӣ ба миён омад, ки он бо миёнаравии намояндагони президенти ИҶШС М.Горбачёв А.Собчак ва Е.Велихов рӯзҳои 4-5-уми октябри ҳамон сол муваққатан ҳал шуд. Бо мурури замон муносибат ба идеологияи коммунистӣ ва мероси Ленину пайкараҳои ӯ тағйир ёфт, аз ҷумла дар Тоҷикистон.
Дар охири моҳи майи соли 1998 президент Э.Раҳмон фармонро дар бораи “Моликияти Ҳизби коммунист” имзо кард. Бисёриҳо ба он ҳатто таваҷҷӯҳ накарданд. Дар вокуниш раиси ҲКТ Шабдолов ба расонаҳо изҳор дошт, ки ин фармон маънои милликунонии моликияти ҲКТ-ро дорад. Ба қавли ў, ҲКТ ҳанӯз соли 1992 як қатор биноҳояшро ихтиёран супорида буд, аз ҷумла, бинои Кумитаи Марказӣ ва як қисми автопаркашро ба ҳукумат дода, тамоми моликияти боқимондаро аз ҳисоби худи ҳизб харида буданд.
Дар тобистони соли 2016 раиси тозаинтихоби ҲКТ Исмоил Талбаков дар нахустин нишасти матбуотии худ изҳор дошт, ки ба хотири баргардондани моликияти ҳизбашон ба Додгоҳи конститутсионӣ муроҷиат карданд. Аммо ин даъвои коммунистон бенатиҷа монд. Ҳайкалҳои зиёди Ленин ҳам дар бисёр гӯшаву канори кишвар бидуни ғавғову ҳангома канда шуданд.
Ин нуктаро ҳам бояд зикр кунем, ки фақат дар як кӯчаи марказии пойтахт дар фосилаи камтар аз як километр Майдони марказӣ, Боғи марказӣ ва Университети давлатӣ ба номи Ленин буд, аммо аз ҳамаи онҳо номи доҳиро бардоштанд. Дар ин кӯча чанд пайкараву ҳайкалчаи Ленин низ қомат рост карда буданд, аммо бо мурури замон ҷумлагӣ канда шуданд.
Ҷолиб ин аст, ки худи Ленин баъди пирӯзии Инқилоби Октябр шахсан дар кандани ҳайкалҳои пешгузаштагони худ – императорҳои Русия ширкат карда буд. Дар ин бора коменданти Кремл П.Д.Малков дар китобаш “Записки коменданта Кремля” қисса кардааст. Ба навиштаи ӯ, боре дар Боғи Кремл Ленин ҳайкали Александри 2-ро дида мепурсад: “Чаро шумо то ҳол ин бетартибиро аз ин ҷо набардоштаед?”
Малков посух медиҳад, ки барои афтондани он коргар надорад. “Коргар намерасад, мегӯед? Барои чунин кор ҳамеша коргар пайдо мешавад”,- мегӯяд Ленин ва аз нафароне, ки ҳамроҳаш буданд, ёрӣ металабад. Малков ба зудӣ аз куҷое арғамчини дароз меорад ва Ленин онро ба ҳайкали Александри 2 меовезад ва бо ёрии ҳамсафони худ – Свердлов, Аванесов, Смидович ва дигар кормандони Шӯрои комиссариати халқ ҳайкалро бо банд кашида меафтонанд. Ҳайкал болои роҳи сангӣ афтида мешиканад. Сипас Ленин ба Малков супориш медиҳад, ки онро зуд аз пеши чашмаш гум карда, ба партовгоҳ баранд.
Ба навиштаи Малков, баъдан бо супориши Ленин ҳайкали императори дигари рус - Александри 3-ро аз назди калисои Исои наҷотбахш канда мепартоянд.
Оё Ленин тасаввур мекард, ки баъди гузашти 70 сол муҷассамаҳои ӯро дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, тавассути “кран” мекананд ва як гуруҳи эътирозгарон рӯйи ҳайкали афтидаву шикастаааш рақсу бозӣ мекунанд?