Ба дунболи фармони "мобилизатсия" ё басеҷи нерӯҳои мусаллаҳ дар Русия, шумораи шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон якбора афзудааст.
Дар ҳар ҳавопаймое, ки аз Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон меояд, шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба мушоҳида мерасанд, вале кӯшиш мекунанд, дар навори дурбин наафтанд. Дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе, ки аксари онҳо моҳҳо холӣ меистоданд, акнун барои ҳафтаҳои наздик ҷой нест.
"Мутаассифона, то 30-юми сентябр утоқҳои меҳмонхона банд аст," – гуфт як корманди меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенсӣ” дар Душанбе ва сабабашро “мавҷи вуруди меҳмонон аз Федератсияи Русия” номид. Дар меҳмонхонаи “Атлас” гуфтанд, ки то дувуми октябр “ҷойи холӣ надоранд”.
Дар суҳбатҳои бидуни сабт меҳмонон аз Русия мегӯянд, дар пайи басеҷ ба артиш кишвари худро тарк кардаанд. Фирори онҳо ба Тоҷикистон нархи билетҳои ҳавопайморо то 10 баробар гарон кардааст.
"Ман билетро се рӯз пеш харидам. 8,5 ҳазор рубл буд. Агар фавран билет бигирӣ, бисёр гарон аст. Ҳамин шаб 144 ҳазор рубли русӣ буд,” – гуфт як мусофире, ки аз Русия ба Тоҷикистон баргаштааст. Суҳбати мо бо ӯ рӯзи 26-уми сентябр сабт шуд.
Видеоро дар инҷо инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ин байн даҳҳо тоҷикистоние, ки шаҳрвандии Русияро доранду аз кишвар рафтанӣ буданд, билети ҳавопайморо пас додаанд. Онҳо метарсанд, ки дар Русия бо хатари басеҷ ва фиристода шудан ба ҷанги Украина рӯбарӯ мешаванд.
Абдулвоҳид Абдусатторов, шаҳрванди Тоҷикистон, барои парвоз ба Русия омодагӣ мегирифт. Мегӯяд, моҳе пеш аз Русия баргашта ва дар фикри он буд, ки пас аз бозгашт шаҳрвандии Русияро бигирад: “Ҳоло аз ин фикр даст кашидам, зеро хатарнок аст. Онҳое, ки имрӯз ба Русия билети парвоз доштанду шаҳрвандии Русияро доштанд, билетҳояшонро пас доданд. Хатари ба ҷанг фиристодани онҳо вуҷуд дорад”.
Вале сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия кам нашудааст. Онҳое, ки шаҳрванди Русия нестанд, бовар доранд, ба сафи артиши он кишвар ва ҳамин тавр ва ҷанг дар Украина ҷалб намешаванд:
“Ман ба Русия рафта истодаам, барои чӣ тарсам? Ба мо даст намерасонанд. Ба мо ҳеч чиз намегӯянд. Онҳоеро даъват мекунанд, ки шаҳрвандии Русияро доранд,” – гуфт Мансур Турсунов, сокини ноҳияи Ёвон.
Рӯзи 21-уми сентябри имсол Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонуни басеҷи шаҳрвандонро ба артиш имзо кард. Тибқи он шаҳрвандони то 45-сола барои хидмати низомӣ дар ҷанг дар Украина даъват карда мешаванд. Ба муҳоҷирон низ гуфта мешавад, ки метавонанд, дар ивази як соли хидмат дар Украина соҳиби шиносномаи русӣ хоҳанд шуд.