Рӯзи 27-уми сентябр ҷангҳои сахт байни нерӯҳои Украина ва Русия дар шарқи Украина ва вилояти шимолушарқии Харков идома кард. Дар дохили Русия мақомот саркӯби тазоҳургаронеро идома медиҳанд, ки аз фармони раиси ҷумҳур Владимир Путин барои сафарбарии иловагӣ ба артиш ва барои ҷанг дар Украина норозӣ ҳастанд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, вилояти Донетск ҳам барои Украина ва ҳам Русия дорои авлавият аст ва даргириҳо дар чандин шаҳрак идома доранд, чун нерӯҳои Русия мехоҳанд, дар ҷануб ва ғарби кишвар пешравӣ кунанд.
Зеленский дар муроҷиати видеоӣ дар шаби 26-уми сентябр гуфт, вазъ дар вилояти Донетск “бисёр бад” аст. Ӯ афзуд: “Мо ҳама корро мекунем, то пеши роҳи душманро бигирем. Ин ҳадафи рақами яки мо аст, зеро Донбас барои таҷовузгарон низ ҳадафи рақами 1 аст.”
Мақомоти вилоятӣ айни замон мегӯянд, ки Русия бо истифода аз дронҳои эронӣ дар чанд рӯзи гузашта камаш панҷ дафъа ба вилояти Одесса зарба задааст. Валентин Резниченко, раиси вилояти Днепропетровск, дар Телеграм навишт, ки мушакҳои Русия ба фурудгоҳи шаҳри Кривой Рог бархӯрда, зербунёдҳои онро вайрон ва фурудгоҳро ғайриқобили истифода кардаанд.
Фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҷануби кишвар рӯзи 27-уми сентябр гуфт, ки онҳо дар ҳамлаи ҷавобӣ дар вилояти Херсон 77 сарбози Русияро куштаанд, шаш тонк, панҷ ҳовитзер ва се аслиҳаи маҳви тонк ва 14 мошини зиреҳпӯшро аз байн бурдаанд. Иддаое, ки тасдиқи он аз манобеи мустақил номумкин аст.
Даргириҳо дар вилояти шимолушарқии Харков ҳам авҷ гирифтааст, ки нерӯҳои Украина ҳамин моҳ дар онҷо ба ҳамлаи ҷавобӣ гузаштанд. Сарбозони Украина амалиётро барои аз кор андохтани пул ва дигар гузаргоҳҳо дар рӯдхонаҳои вилоят идома медиҳанд, то роҳҳои таъминоти сарбозони Русия дар ҷанубро аз байн баранд.
Аммо дар дохили Русия маъракаи ҷалби 300 ҳазор нерӯи иловагӣ ба артиш идома дорад. ОВД-инфо, як созмони ҳомии ҳуқуқ, ки омори боздоштҳои сиёсиро дар Русия сабту ҷамъоварӣ мекунад, гуфт, то 25-уми сентбяр 2353 нафар дастгир шудаанд ва боздошти 141 нафари дигарро рӯзи 26-уми сентябр сабт кардаанд.
Дар Русия танқиди ончӣ ки мақомот “амалиёти махсуси низомӣ” дар Украина меноманд, манъ аст. Ҷанг рӯзи 24-уми феврали имсол шуруъ шуд.
Вебсайтҳои хабарии “Медуза” ва “Новая Газета Европа”, ки аз хориҷ фаъолият мекунанд, бо такя ба ду мақоми Русия навиштаанд, ки мақомот ният доранд, хуруҷи мардон аз кишварро манъ кунанд. Сабаб фирори ҷавонону мардони зиёд аз сафарбарӣ ба артиш ва тарки Русия кардани онҳо будааст.
Бино ба гузоришҳо, танҳо дар як роҳе, ки ба Гурҷистон мерасонад, баъзе мошинҳо бояд 48 соат мунтазир бишаванд, то навбаташон барои вуруд ба хоки Гурҷистон бирасад. Ин кишвар бо Русия низоми бераводид дорад. Теъдоди русзабонҳо дар Душанбе ҳам дар ин рӯзҳо бисёр зиёд шудааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи ҳукумати Русия рӯзи 26-уми cентябр дар бораи эҳтимоли бастани марзҳо ба хабарнигорон гуфт: “Ман дар ин бора чизе намедонам. То кунун қароре дар ин бора қабул нашудааст.”
Дар Вашингтон Карин Жан Пийер, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Амрико масъалаи додани ҳаққи паноҳандагӣ ба онҳоеро баррасӣ мекунад, ки аз маъракаи сафарбарӣ ба ҷанг дар Украина фирор кардаанд.