Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни бузургсолон, ки рӯзҳои 6-13-уми октябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), то ҳоло барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Узбекистон 570 варзишгар (308 мард, 262 зан) аз 86 кишвар номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд 9 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард:
-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ
-73 кг – Беҳрӯз Хоҷазода
-73 кг – Муҳаммадраҳим Сарахонов
-81 кг – Шодмон Ризоев
-81 кг – Сомон Маҳмадбеков
-90 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
-90 кг – Комроншоҳ Устопириён
-100 кг – Абубакри Акобир
+100 кг – Темур Раҳимов
Мусобиқа дар 7 вазн миёни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат мегирад, инчунин сабқати даставии омехта доир мегардад. Тибқи дастури мусобиқот рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн миёни мардон ва дар як вазн миёни занон баргузор мешавад. Сабқати даставии омехта дар рӯзи охирини мусобиқот ба нақша гирифта шудааст.
Ба ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон ба ҷуз аз медал, ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад: барои ҷойи аввал 26000 евро, барои ҷойи дуюм 15000 евро ва барои ҷойи сеюм 8000 евро.
Дар сабқати даставии омехта бошад, ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷойи дуюм 60000 евро ва ба барандагони ҷойҳои сеюм 25000-евроӣ тақдим мегардад.
Ёдовар мешавем, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки моҳи июни соли 2021 дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – доир гардид, барои варзишгарони тоҷик бидуни медал ба анҷом расид.
Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ шаш варзишгари тоҷик (панҷ нафар дар рақобатҳо байни мардон ва як нафар миёни занон) ширкат карданд.
Дар миёни гуштигирони тоҷик натиҷаи хубро Темур Раҳимов нишон дод. Вай дар вазни беш аз 100 кило дар ду рақобати аввалаш тавонист ба ҳарифонаш аз Лаҳистон ва Қазоқистон пирӯз шавад. Вале дар сабқати сеюм Темур аз намояндаи Русия Темерлан Башаев шикаст хӯрд ва ба даври тассалобахш роҳ ёфт. Дар даври тасаллобахш рақиби Темур Раҳимов варзишгари ҳолландӣ Рой Мейер буд. Дар охирин сонияҳои ин сабқат Темур Раҳимов аз рақибаш мағлуб шуд ва дар натиҷа ҷойи 7-умро гирифт.
Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ба ду рақибаш аз Габон ва Перу дастболо шуд, вале рақобати сеюмро ба намояндаи Шветсия Маркус Нуман бохт.
Се варзишгари дигари тоҷик - Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (-81) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90) дар даври аввал шикаст хӯрда, аз идомаи рақобат маҳрум шуданд.
Дар мусобиқаи занон Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило дар даври муқаддамотӣ аз варзишгари Ҷопон Вакана Кога мағлуб гардид.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.
Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 кило ба даст овардааст.