Нахустин бозии мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт бо тими Баҳрайн

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Кувайт доир мегардад, ширкат меварзад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» дастаҳои Баҳрайн, Узбекистон ва Туркманистон мебошанд.

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 27-уми сентябр, бо тими миллии Баҳрайн баргузор мешавад. Футболбозони тоҷик 29-уми сентябр бо мунтахаби Узбекистон ва 1-уми октябр бо дастаи Туркманистон бозӣ хоҳанд кард.

Зимнан, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказ ва Ҷануб дар Бишкеки Қирғизистон дар гурӯҳи «В» ҷои дуюмро гирифт ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки дар Кувайт баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Мунтахаби Тоҷикистон бозии аввалро бо тими милллии Афғонистон бо ҳисоби мусовии 4:4 анҷом дода, баъдан дастаи Непалро бо ҳисоби 11:1 шикаст дод ва дар бозии охирин аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 2:5 мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Узбекистон бо 9 имтиёз ғолиби гурӯҳ гардид. Тими миллии Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз ҷои дуюмро касб намуд. Ҳарду даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ пайдо кард.

"Мақсади мо дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Кувайт нишон додани ҳамаи он чизест, ки ба он қодир ҳастем. Мекӯшем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Вазифаи мо ба даври баъдӣ роҳ ёфтан аст", - гуфт сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон аз ин пеш даҳ бор – солҳои 2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012, 2014, 2016 ва 2018 дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамони Осиё иштирок кардааст ва танҳо як бор – соли 2007 дар Ҷопон – аз гурӯҳи худ баромада, ба плей-офф роҳ ёфтааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов (ҳарду аз «Истиқлол»);

Бозигарони майдонӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама аз «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гулаков, Умед Қузиев (ҳама аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ - Пайрав Воҳидов.