Мунтахаби Тоҷикистон дар финали “Ҷоми Шоҳ" бо Малайзия бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup 2022» (“Ҷоми Шоҳ-2022"), ки рӯзи якшанбеи 25-уми сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор мешавад, бо тими миллии Малайзия бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоии ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 22-юми сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор шуд, тими миллии Тринидад ва Тобагоро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва ба финал роҳ ёфт.

Ҳисобро Ҷуда Гарсия, бозигари мунтахаби Тринидад ва Тобаго, дар дақиқаи 27-ум кушод. Голи ҷавобиро Муҳаммадҷон Раҳимов дар ибтидои нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 47-ум, зад. Голи дувум ва ҳалкунандаи мунтахаби Тоҷикистонро Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 75-ум аз масофаи дур ба самар расонд.

Бозии дигари нимфиналии "King’s Cup 2022" шоми панҷшанбеи 22-юми сентябр миёни дастаҳои мунтахаби Тайланд ва Малайзия доир гардид. Замони асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналти малайзиягиҳо бо ҳисоби 5:3 ғолиб омада, ба финал роҳ ёфтанд.

Ба ин тартиб, бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Малайзия рӯзи якшанбе, 25-уми сентябр, дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» дар Чиангмай соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (18:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Барои ҷойи сеюм 25-уми сентябр дар ҳамин варзишгоҳ тими миллии Тринидад ва Тобаго бо дастаи мизбон - Тайланд - мубориза мебарад.

Ба гуфтаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, иштирок дар “Ҷоми Шоҳ-2022” дар Тайланд як давраи омодагии даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад.

Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»

Нимфинал

Тринидад ва Тобаго – Тоҷикистон – 1:2

Голҳо: Ҷуда Гарсия, 27 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 47 (1:1). Эҳсони Панҷшанбе, 75 (1:2).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров (Комрон Турсунов, 73), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Далер Имомназаров, 84), Шервонӣ Мабатшоев (Сиёвуш Асроров, 90+4), Нуриддин Ҳамроқулов (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 73).

Беҳтарин бозигари дидор: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон).

22 сентябр. Чиангмай, Тайланд. Варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai». 7288 тамошобин.

Тайланд – Малайзия – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:5

Бозӣ барои ҷойи сеюм

25 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:30 ба вақти Душанбе

Тайланд – Тринидад ва Тобаго

Финал

25 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:30 ба вақти Душанбе

Малайзия – Тоҷикистон