Дар Шӯроб гуфтанд, ки ба онҳо бо дрон ҳамла шудааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Намояндагони ҳукумат ва сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон мегӯянд, дар даргирии рӯзи 16-уми сентябр нерӯҳои Қирғизистон аз бесарнишинҳо истифода кардаанд. Душанбе ва Бишкек ду моҳ пеш гуфта буданд, ки дар бораи истифода накардани онҳо дар даргириҳои марзӣ созишнома имзо кардаанд.