Дар мусобиқаи IX байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки рӯзҳои 19-20-уми сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дар шаш вазн паҳлавонони тоҷик ва дар як вазн варзишгари Қазоқистон ғолиб шуданд.
Дар ин мусобиқаи анъанавӣ ба ҷуз аз варзишгарони тоҷик, гуштигирон аз Қазоқистон, Русия, Узбекистон ва Эрон ширкат карданд.
Ба барномаи мусобиқаи имсола рақобатҳо миёни мардон дар панҷ вазн (-66 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) ва миёни занон дар ду вазн (-57 кг, -63 кг) дохил буд.
Рӯзи аввали мусобиқа – 19-уми сентябр – мардон дар ду вазн (-66 кг, -81 кг) ва занон низ дар ду вазн (-57 кг, -63 кг) рақобат карданд.
Дар сабқати мардон дар вазни то 66 кило, ки ҳамагӣ 31 нафар мубориза бурд, паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев мақоми аввалро касб кард. Ӯ дар финал Обид Ҷебови русиягиро шикаст дод. Дар ин вазн Дилшодбек Юлдошев ва Артём Штурбанин, ҳарду аз Узбекистон, барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар рақобатҳо миёни мардон дар вазни то 81 кило, ки ҳамагӣ 28 гуштигир иштирок дошт, паҳлавони дигари тоҷик Ҳамроз Раҷабов ғолиб шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ Меҳдӣ Фатҳии эрониро мағлуб кард. Дар ин вазн Рамазон Аллабердиев аз Узбекистон ва Раҳматуллобек Фарҳодов аз Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Дар сабқати занон дар вазни то 57 кило гуштигирони тоҷик Шоҳида Қаландарова, Аҳлия Муъминова ва Фазилат Гулбоева мутаносибан се ҷойи аввалро гирифтанд.
Дар рақобатҳо миёни занон дар вазни то 63 кило низ варзишгарони тоҷик Мавлуда Одинаева, Ҷонона Назарова ва Рӯзафсун Бекназарова мутаносибан бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар рӯзи дуюм – 20-уми сентябр - мусобиқа аз рӯи се дараҷаи вазнҳо (-90 кг, -100 кг, +100 кг) миёни мардон сурат гирифт.
Дар вазни то 90 кило 22 нафар номнавис шуда буданд. Медали тиллоро паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров соҳиб шуд. Ӯ дар финал бар ҳамватанаш Кароматулло Ҳакимов ғолиб омад. Паҳлавони эронӣ Қосим Бағҷеғӣ ва Эрмахан Анурбеков аз Қазоқистон медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Дар вазни то 100 кило, ки 19 варзишгар рақобат кард, паҳлавони қазоқ Бекарис Садукас пирӯз гардид. Вай дар қувваозмоии ҳалкунанда гуштигири тоҷик Фирдавс Насимовро ноком кард. Медалҳои биринҷиро Исроил Раҳимов ва Раҳматулло Мирзоев, ҳарду аз Тоҷикистон, соҳиб шуданд.
Миёни сангинвазнҳо 14 варзишгар рақобат кард. Медали тиллоро Мансур Раҳмон ба даст овард. Ӯ дар финал ҳамдиёраш Фарзин Ҳусейновро мағлуб намуд. Варзишгари қазоқ Жамбул Тургуналиев ва паҳлавони тоҷик Дадахон Қурбоналиев медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло ва Ҷоми президент ҷоизаи молӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Барои ҷойи дуюм медали нуқра ва 20 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи сеюм медали биринҷӣ ва 10 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи IX байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон:
Мардон
-66 кг
1. Муллораҷаб ХАЛИФАЕВ (Тоҷикистон)
2. Обид ҶЕБОВ (Русия)
3. Дилшодбек ЮЛДОШЕВ (Узбекистон)
3. Артём ШТУРБАБИН (Узбекистон)
-81 кг
1. Ҳамроз РАҶАБОВ (Тоҷикистон)
2. Меҳдӣ ФАТҲӢ (Эрон)
3. Рамазон АЛЛАБЕРДИЕВ (Узбекистон)
3. Раҳматуллобек ФАРҲОДОВ (Тоҷикистон)
-90 кг
1. Ҳақназар НАЗАРОВ (Тоҷикистон)
2. Кароматулло ҲАКИМОВ (Тоҷикистон)
3. Қосим БАҒҶЕҒӢ (Эрон)
3. Эрмахан АНУРБЕКОВ (Қазоқистон)
-100 кг:
1. Бекарис САДУКАС (Қазоқистон)
2. Фирдавс НАСИМОВ (Тоҷикистон)
3. Исроил РАҲИМОВ (Тоҷикистон)
3. Раҳматулло МИРЗОЕВ (Тоҷикистон)
+100 кг
1. Мансур РАҲМОН (Тоҷикистон)
2. Фарзин ҲУСЕЙНОВ (Тоҷикистон)
3. Жамбул ТУРГУНАЛИЕВ (Қазоқистон)
3. Дадахон ҚУРБОНАЛИЕВ (Тоҷикистон)
Занон
-57 кг
1. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА (Тоҷикистон)
2. Аҳлия МУЪМИНОВА (Тоҷикистон)
3. Фазилат ГУЛБОЕВА (Тоҷикистон)
-63 кг
1. Мавлуда ОДИНАЕВА (Тоҷикистон)
2. Ҷонона НАЗАРОВА (Тоҷикистон)
3. Рӯзафзун БЕКНАЗАРОВА (Тоҷикистон)