Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ин ҷамъомад 14 нафар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - аз чаҳор бошгоҳи Суперлигаи Тоҷикистон даъват шудаанд. Инчунин дар Дубай баргузории якчанд бозиҳои санҷишӣ бо бошгоҳҳои маҳаллӣ дар назар аст.
Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 27-уми сентябр то 8-уми октябри имсол дар Кувайт доир мегардад, дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Баҳрайн (27-уми сентябр), Узбекистон (29-уми сентябр) ва Туркманистон (1-уми октябр) рақобат хоҳад кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов (ҳарду аз «Истиқлол»);
Бозигарони майдонӣ: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама аз «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гулаков, Умед Қузиев (ҳама аз «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).
Сармураббӣ - Пайрав Воҳидов.