Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки дирӯз палатаи поёнии парлумони Қазоқистон – Маҷлис бо пешниҳоди президент Тоқаев, ки дар доираи ба гуфтаи ӯ эҷоди “як Қазоқистони нав” анҷом шудааст, ризоият дод.
Исми Остона, ки пойтахти Қазоқистон буд, соли 2019 бо ташаббуси ҷойгузини президенти дарозумру аввалини ин кишвар Нурсултон Назарбоев - Тоқаев ба Нурсултон иваз шуда буд. Вале моҳҳои охир Тоқаев талош дорад, ки аз мероси Назарбоев, ки зиёд мавриди интиқод шудааст, фосилагирӣ кунад. Рӯзи 1-уми сентябр ӯ ба баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат даъват кард ва гуфт, ки хостори аз панҷ ба ҳафт сол тағйир додани мӯҳлати раёсатҷумҳурии як нафар мебошад. Президенти оянда ҳақ нахоҳад дошт, ки беш аз як маротиба дар сари қудрат бимонад.
Назарбоев, ки ин кишвари ғанӣ аз нафтро давоми сӣ сол бо панҷаи оҳанинаш раҳбарӣ кардааст, моҳи марти соли 2019 ба истеъфо рафт ва ба ҷои худ дар мақоми раҳбари кишвар Тоқаевро пешбарӣ кард. Он замон Назарбоев мақоми раҳбарии Шӯрои амниятро, ки ниҳоди қавиву тасмимгирандаи қудратӣ мебошад, ҳифз кард. Унвони “Элбосӣ” ё “Пешвои миллат”, ки барояш имтиёзҳои фаровоне медод, ҳамчунин боқӣ монд. Дар ҷомеаи Қазоқистон норизоият аз давраи Назарбоев ва дар дасти ӯву наздиконаш тамаркуз ёфтани аксар бахшҳои даромадноки иқтисоди ин кишвар то рафт бештар мешуд.
Моҳи январи имсол мардум аз он ки як гурӯҳи хурди наздик ба президенти собиқ сарватманд мешаваду дигарҳо дар ҳолати нодориву қашшоқӣ ба сар мебаранд, даст ба эътирозу беназмиҳо заданд. Саркӯби эътирозҳо боиси кушта шудани даҳҳо нафар ва ба зиндон маҳкум шудани ширкатдорони ин раҳпаймоиҳо шуд.
Дар ниҳоят Тоқаев мақоми раиси Шӯрои амниятро ҳам аз Назарбоев гирифт ва онро ба худ ихтисос дод. Аз он замон то кунун бисёр хешовандони Назарбоев аз мақомҳои баланду ширкатҳои тиҷоратии сердаромад дур карда шуданд, бархе бо иттиҳоми фасод боздошт шуданд.
Моҳи июн Тоқаев референдуме барпо карда, исми “Элбосӣ”-ро аз конститутсияи кишвар ҳазф кард.
Вале бо ин вуҷуд мунаққидони ҳукумат мегӯянд, ки талошҳои Тоқаев бештар зоҳирӣ ҳастанд ва дар асл сохтори худкомаи ҳукумат, ки давоми солиёни дароз олудаи фасоду хешутаборбозӣ шудааст, дигар нашуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тағйири номи пойтахти Қазоқистон: вакилони шаҳрӣ ҷонибдорӣ кардандЧин гуфт, дар "ҳифзи тамомияти арзӣ" ба Қазоқистон кумак мекунадНурсултон дигарбора Остона мешавад. Пойтахти Қазоқистон номи пешинаашро мегирадИнтихоботҳои пеш аз муҳлати Қазоқистон 45 млрд танга харҷ хоҳанд дошт"Амонат" аз Тоқаев ҳимоят мекунадИзҳороти зидду нақиз дар бораи ҳаққи номзад шудани Назарбоев