Ҳизби "Амонат"-и Қазоқистон президенти амалкунанда ва роҳбари пешини ин ҳизб Қосимҷомарт Тоқаевро дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад мекунад.
"Расман изҳор медорам, ки дар интихоботи кунунӣ ва дар интихоботи оянда ман номзад намешавам. Аммо ман аз номзади арзанда дар симои Қосимҷомарт Тоқаев ҳимоят мекунам", - гуфт Ерлан Кошанов, раиси Ҳизби "Амонат".
Вай ҳамчунин гуфт, тағйироти марбут ба муҳлати 7-солаи президентиро ба Конститутсия президент пешниҳод мекунад.
"Тасмимро президент мегирад. Агар тасмим шуд, ки тағйирот ворид гардад, пас то охири сол фурсати ҳам ворид кардани ин тағйирот ва ҳам баргузории интихобот ҳаст", - афзуд Кошанов.
Дар паёми охираш ба сокинони Қазоқистон рӯзи 1-уми сентябр Тоқаев пешниҳод кард, ки тирамоҳи имсол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шавад.
Президенти амалкунандаи Қазоқистон тасмим дорад, дар интихоботи пешорӯ ширкат варзад. "Баъди интихобот ман ташаббус нишон дода, ба порлумон пешниҳод мекунам, ки муҳлати президентӣ бо як давраи ҳафтсола маҳдуд шавад", - гуфт Тоқаев.
Гуфтугӯ