Як қурбонии ҷанҷоли марзиро дар Тоҷикистон дафн карданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як марзбони 23-солаи тоҷикро, ки ҳангоми даргирӣ дар сарҳади кишвар бо Қирғизистон кушта шуд, дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, дафн карданд. Пайвандонаш гуфтанд, Сафаралии Ҳасан 23-сола буд ва бояд то ду ҳафтаи дигар хидматро дар артиш ба поён мерасонд.