Гуштигири тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербия мағлуб шуд

Акс аз бойгонӣ.

Шуҳрат Бозоров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод, ки дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад, ноком шуд.

Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW), барои ширкат дар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод, гуштии юнонию румӣ ва гуштии занона беш аз 800 нафар аз 73 кишвар номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар гуштии озод мебоист се нафар - Муҳаммад Икромов (-57 кг), Ҳикматулло Воҳидов (-61 кг) ва Шуҳрат Бозоров (-79 кг) – намояндагӣ мекарданд. Вале Ҳикматулло Воҳидов бинобар мушкилот дар гирифтани виза ба Белград рафта натавонист.

Рӯзҳои 10-11-уми сентябр мусобиқа оид ба гуштии юнонию румӣ аз рӯи даҳ вазн сурат гирифт, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат надоштанд. Рӯзҳои 12-14-уми сентябр занон (бе ширкати бонувони тоҷик) дар даҳ вазн рақобат карданд.

Мусобиқаи гуштии озод низ аз рӯи даҳ вазн рӯзи 15-уми сентябр шуруъ шуд, ки то 17-уми сентябр идома меёбад. Шуҳрат Бозоров дар вазни то 79 кило дар 1/16 финал бар Стефан Кантир аз Молдова бо ҳисоби 11:2 пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Арслон Будажапови қирғиз бо ҳисоби 0:10 мағлуб гардид.

Ҳамакнун намояндаи дигари Тоҷикистон - Муҳаммад Икромов дар вазни то 57 кило ба рақобат мепардозад. Рақибаш дар даври муқаддамотӣ Дарян Круз аз Пуэрто-Рико мебошад.