Натиҷаҳои бозиҳои аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022

Рӯзи 15-уми сентябр бозиҳои аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол баргузор шуд. Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардид.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро ҳимоятгар Далер Имомназаров дар дақиқаи 78-ум ба самар расонд.

Бозии дигари даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид.

Бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 рӯзҳои 15-16-уми октябр баргузор мешаванд.

Ҷоми Тоҷикистон-2022

Даври ниманиҳоӣ. Бозиҳои аввал

«Истиқлол» - «Эсхата» - 1:0

Гол: Далер Имомназаров, 78

«Хатлон» – «Кӯктош» - 0:0

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 31-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд” панҷ бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (феълан «Хатлон»-и Бохтар), “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров ва “Равшан”-и Кӯлоб дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992 – 2021):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.

2020 «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0.

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2