Манбаъ: собиқадорони "Фронти халқӣ"-ро ба Исфара мефиристанд. ВИДЕО

Наздикии Академияи ВКД. 15.09.2022

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, мақомот як гуруҳ аз собиқадорони “Фронти Халқӣ”-ро дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъ карда, мехоҳанд онҳоро ба минтақаи марзии Исфара фиристанд. Маконе, ки рӯзи 14-уми сентябр шоҳиди боз як муноқишаи дигари дигари марзӣ бо Қирғизистон шуд.

Субҳи 15-уми сентябр назди бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон серодам буд. Тибқи иттилои манобеи Радиои Озодӣ, собиқадорон аз ҷумла аъзоёни боқимондаи “Фронти халқӣ”- ро дар инҷо ҷамъ карда истодаанд, то ба Исфара фиристанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ чанд нафар аз шахсони бузургсолро бо риши баланд диданд, ки дар тан либоси низомӣ доштанд ва дар назди бинои Академияи ВКД гаштугузор доштанд. Ҳарчанд Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъ кардани низомиёнро дар бинои Академия рад кард.

ГУЗОРИШИ ВИДЕОИРО ДАР ИНҶО БИНЕД:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷамъомади собиқадорони "Фронти халқӣ" дар Академия вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, аз субҳи 15-уми сентябр дар дохили бинои Академия омодагиҳо барои фиристодани низомиён ба Исфара ҷараён дорад. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, ба низомиён мефаҳмонанд, ки дар минтақаи марзии ноҳияи Исфара чигуна бояд рафтор кунанд. Дақиқ нест, собиқадорони “Фронти халқӣ” ба таври худҷӯш ба ин ҷо омадаанд ё аз тарафи мақомот даъват шудаанд. Вале дар гузашта онҳо дар мавридҳои хос изҳори омодагӣ кардаанд, аз ҷумла дар остонаи амалиёти ҳукумат дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон.

Зоҳиран мақомот аз вазъияти пешомада дар марз бо Қирғизистон нигаронӣ доранд ва мехоҳанд қувваҳои иловагиро ба онҷо фиристанд. Моҳи апрели соли гузашта баъди як муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо аъзои Фронти Халқиро ба Исфара фиристода буданд.

“Фронти халқӣ” соли 1992 бо раҳбарии Сангак Сафаров ташкил шуд. Ин гурӯҳи шибҳинизомӣ дар оғоз алайҳи ҳукумати муросои миллӣ ҷангид ва соли 1993, дар пайи ташкил шудани артиши миллии Тоҷикистон пароканда шуд.

Рӯзи 14-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон боз як муноқишаи дигар сар зад. Неруҳои марзбонии Тоҷикистон сарҳадбонони Қирғизистонро ба оғози тирпарронӣ муттаҳам кард, аммо ҷониби Қирғизистон баръакси инро мегӯяд. Дар муноқишаи дирӯз аз тарафи Тоҷикистон 2 марзбон кушта ва 11 нафар маҷруҳ шуданд. Мақомоти қирғиз гуфтанд, дар ҷанҷоли дирӯз 2 марзбон ва 3 сокини мулкии ин кишвар ҷароҳат бардоштанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Марз ором аст, вале нигаронӣ боқист. Ҳолу ҳавои Чоркуҳ баъди як рӯзи муноқиша. ВИДЕОТошиев неруҳои вижаи Тоҷикистонро ба ширкат дар муноқишаи марзӣ муттаҳам кардРусия аз Душанбе ва Бишкек хост, баҳси марзро аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунандТеъдоди кушташудагону маҷруҳон дар марзи Тоҷикистон ба 13 нафар расидааст. ВИДЕО