Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳар моҳ дар Русия беш аз 4 миллиард рубл,ё 67 миллион доллар пули патент месупоранд. Ин оморро дипломати тоҷик дар як мусоҳиба бо хабаргузории “РИА Новости» ба муносибати 30-солагии равобити дипломатии миёни Русия ва Тоҷикистон баён кардааст.
Дар ин мусоҳиба, ки рӯзи 14-уми сентябр дар вебсайти вазорат нашр шуд, омадааст, ки «шаҳрвандони Тоҷикистон ҳарчи бештар ба ҳузури қонуниву кори расмӣ дар Русия манфиатдор ҳастанд. Далелаш ин аст, ки соли 2021 шаҳрвандони мо беш аз 700 ҳазор патенти корӣ гирифтаанд. Шаҳрвандони мо ҳар моҳ беш аз 4 миллиард рубл (наздики 67 миллион доллар) пардохт мекунанд. Дар умум соли 2021 ба буҷаи Русия аз ҳисоби патентҳои шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 48 миллиард рубл ворид шудааст, ки тақрибан 900 миллион долларро ташкил медиҳад".
Бисёр кам шудааст, ки як мақоми баландпояи ҳукумати Тоҷикистон дар бораи саҳми шаҳрвандони кишвар дар иқтисоди Русия сӯҳбат кунад. Маъмулан мақомот дар Русия таъкид мекунанд, ки ба буҷаи Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби муҳоҷироне, ки дар Русия кор мекунанд, садҳо миллион доллар ворид мешавад.
Дар ин мусоҳиба Сироҷиддини Муҳриддин дар посух ба саволи ин ки то куҷо имкони пардохти пули молу маҳсулоти русӣ бо рубли русӣ вуҷуд дорад, гуфтааст, ки ин масъала "ба таври фаъол аз ҷониби вазоратҳои молияву бонкҳои миллии ду кишвар баррасӣ мешавад." Ӯ гуфтааст, ки айни замон кор дар самти муайян кардани дурнамои тавсеаи истифодаи пулҳои миллӣ, аз ҷумла, тафовут дар қонунгузориҳои миллӣ дар танзими асъор идома дорад.
Мизони савдои миёни Тоҷикистону Русия соли 2021 тахминан 1 миллиарду 400 миллон долларро ташкил дода, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба бештар аз 900 миллион доллар расидааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин сӯҳбат гуфтааст, ки "сохтори тиҷорати байни кишварҳои мо, ки айни замон аз маҳсулоти хом иборат аст, бояд ба шакли сифатан нав барояд" ва "бояд ба иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ дар истихроҷи маъдан, металлургия, нафту химия гузашт."
Русия яке аз шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон аст ва нафту гази зиёде ба кишвар мефурӯшад. Айни замон Русия бузургтарин кишвари муҳоҷирпазир ва мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст. Дар гузашта борҳо шудааст, ки дар сурати сардие дар робитаҳои ду тараф Русия даста-даста муҳоҷирони тоҷикро ихроҷ кардааст ва бадгӯӣ дар ҳаққи онҳо низ дар чунин замонҳо дар расонаҳои Русия ҳам зиёд мешавад.