Хирс зодрӯзи оилаи тоҷикистониро дар Амрико ба ҳам зад. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хирс меҳмони нохондаи зодрӯзи Куруш шуд ва ҳамаро гурезонд

Дар Амрико хирсе меҳмони нохондаи ҷашни зодрӯзи Куруши дусола, писари як оилаи тоҷикистонӣ шуд ва шириниву кулчақандҳои меҳмононро нӯши ҷон кард. Наворҳои видеоии меҳмони нохондаи оилаи Рауф Маҷидиёнро дар аёлати Коннектикут телевизионҳои CNN, Fox ва дигар шабакаҳои амрикоӣ нашр карданд.

Ҳодиса рӯзи 4-ми сентябр рӯй додаст. Рауф Маҷидиён, ки мутахассиси муомилот бо хонаву моликият аз шаҳри Турсунзода аст, бо оилаву ду фарзандаш ва тахминан 30 меҳмони дигар 2-солагии писарашонро ҷашн мегирифтанд. Дар рӯи мизи ҳавлиашон дар шаҳри Ҳартфорди Ғарбӣ зиёфате оростанд, ки кулчақанду шириниҳои дигар рӯи дастурхон буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хирс меҳмони нохондаи зодрӯзи Куруш шуд ва ҳамаро гурезонд

Вақти ҷашн ногаҳон хирси сиёҳе вориди ҳавлӣ шуду ҳамаро тарсонд. Хирс бе он ки аз одамон битарсад, дар чанд дақиқа шириниҳои зодрӯзро хӯрд. Вазорати ҳифзи муҳити зисти Амрико менависад, ки хирсҳои сиёҳ муқими маъмулии ҷангалҳои аёлати Коннектикут мебошанд ва дар умум ҷонварони безарар ҳастанд. Айни замон, ин ниҳод ҳушдор медиҳад, ки дар ҳолатҳои истисноӣ бахусус дар поёни баҳору аввали тобистон метавонанд, дар ҷустуҷуи ғизо ба хонаҳои мардум ворид шаванд.

Радиои Озодӣ дар як тамос бо оилаи Рауф Маҷидиён аз ӯ, ҳамсараш Лаура ва кӯдаконашон Лолаву Куруш хост, ки зодрӯзи фаромӯшношуданиро нақл кунанд:

Рауф Маҷидиён: "Мо зодрӯзи дуюми Курушро дар ақиби хона ҷашн мегирифтем, ки яке аз меҳмонҳоямон дод зад ва мо дидем, ки як хирс истодааст. Яке аз меҳмонҳо дар дасташ кӯдакашро дошта меистод, ки кӯдакаш ба модар гуфтааст: “Модар, хирс”. Ба гапи кӯдак кӣ бовар мекунад? Баъд, мегӯяд, тоб хӯрдааст, ки мебинад, як каллаи хирс. Аз тарс гурехт. Баъд ҳама дод задем, вале наҷунбид аз ҷояш, ҳатто каллаашро набардошт. "

Радиои Озодӣ: Баъд чӣ кардед?

Рауф Маҷидиён: "Модарон кӯдаконашонро бардошта ба гараж давиданд. Мо, мардони калонсол, ҳамакаса ба тарафи хирс дод задем, вале ӯ, ки капкейкҳоро дид, наҷунбид."

Радиои Озодӣ: Хирс танҳо буд ё ҷуфте ҳам дошт?

Рауф Маҷидиён: "Аввал танҳо буд ва вақте мо мардумро ба хона даъват кардем, Лаура сари мошин нишаста буд, ки дид, дар рӯи кӯча як хирси дигар ҳам буд. Ӯ сигнали мошинро зер кард, хирси дигар гурехт, вале оне, ки дар ҳавлӣ буд, наҷунбид. Тахминан 15 дақиқа истоду ҳама ширинҳоро хӯрду баъд рафт."

Радиои Озодӣ: Тарсидед?

Рауф Маҷидиён: "Сахт тарсидем. Вале вақте дидем, ки ором буду намеҷунбад, ҳамаро ба хона даровардему шӯхӣ ҳам кардем, вале дар воқеъ хеле тарсидем."

Радиои Озодӣ: Шумо ба мақомот хабар надодед, ки дар чунин ҳолат кӯмак кунанд?

Рауф Маҷидиён: "Занг задем, онҳо гуфтанд, ки «хирс хӯроки шуморо хӯрдан мехоҳад». Ягон чизи дигар нагуфтанд ё раҳе нишон надоданд. Қаҳрамон омад, барои ҳамин дар Фейсбук нашр кардем."

Радиои Озодӣ: То куҷо ин хирсҳо барои инсон хатарнок ҳастанд?

Рауф Маҷидиён: "Хубиаш ин аст, ки ҳеҷ оморе дар бораи ҳамлаи хирсҳо ба инсон дар ин ҷо вуҷуд надорад. Хирсҳои сиёҳ дар табиати Коннектикут зиёд ҳастанд."

Радиои Озодӣ: Лаура, шумо баъди ин ҳодиса хонаатонро иваз кардан намехоҳед?

Лаура: "Бале, баъди ин ҳодиса каме ба ин фикр ҳам афтодем. Ҳадди аққал бояд ҳавлиро бо девор кашем, то ки чунин ҳодиса такрор нашавад."

Радиои Озодӣ: Лола, Куруш, шумо чӣ? Вақте хирсро дидед, чӣ ҳис кардед?

Лола: "Каме тарсидам. Баъд гуфтам: Хирс, рав!"

Куруш: Гуфтам: "Хирс, рав!"

Радиои Озодӣ: Рауф, шояд касе бигӯяд, ки шумо худатон мутахассиси хонафурӯшӣ ҳастед, чаро хонаи амне барои худ дуруст накардед?

Рауф Маҷидиён: “Рости гап, шаш сол боз дар ҳамин ҷо истиқомат мекунем, мардум гоҳо хирсҳоро медиданд. Ба назарам, бо сабаби пандемияи коронавирус онҳо бештар дар маҳаллаҳои зисти мардум пайдо мешаванд. Мо дар ин ҷо як обанборе дорем, бештар ҳамон ҷо мераванд. Ё ки қуттиҳои партовро омада мекобанд. Лекин хонаи мо ба маркази шаҳр наздик аст ва мо ҳеч интизоре надоштем, ки чунин мешавад. "

Радиои Озодӣ: Рауф, дар бораи худатон бигӯед: Чӣ гуна ба Амрико рафтед ва издивоҷ кардед?

Рауф Маҷидиён: "Ман соли 2009 ба Амрико барои хондан омадаму ду сол забон дар коллеҷ омӯхтам. Соли охири таҳсил кор ҳам мекардам ва дар кӯчаҳои Ню-Йорк вафлиҳои белгиягӣ таҳия мекардем. Ҳамон сол бо ҳамсарам дар ҷойи кор шинос шудему оиладор шудем. Вақти интизори таваллуди Лола будем, ба наздиктари падару модари Лаура ба Коннектикут кӯчидем. Ҳамин хел дар ҳамин ҷо мондем."