Вохӯрии дастаҳои мунтахаби бокси Русия ва Тоҷикистон дар Маскав баргузор мешавад

Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Маскав вохӯрии дастаҳои мунтахаби бокси Русия ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи бокси Русия, вохӯрии муштзанҳои русу тоҷик дар “Сирки бузурги Маскав” (“Большой московский цирк”) соати 17:00 (ба вақти Душанбе соати 19:00) шуруъ мешавад.

Ба ҳайати мунтахаби Русия Харон Заполский, Ярослав Шихов, Александр Суслов ва Владимир Маркелов дохиланд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз Давлат Болтаев, Шуҳрат Саломатов, Самиҷони Ибодзода ва Некрӯз Салимов иборат аст.

Зимнан, Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) аз моҳи марти соли ҷорӣ ширкати варзишгарони русро дар мусобиқоти байналмилалии таҳти сарпарастии ин созмон мамнуъ кард. Бинобар ин, муштзанҳои Русия дар вохӯриҳои байналмилалии дӯстона бо тимҳои кишварҳои Осиё ва ҷаҳон ширкат меварзанд.

Муштзанҳои тоҷик бошанд, ба мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё миёни мардон ва занон, ки аз 30-юми октябр то 13-уми ноябр дар пойтахти Урдун – шаҳри Уммон – доир мегардад, омодагӣ мебинанд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 муштзан шомил буд. Аз байни онҳо чаҳор нафар (ду зан ва ду мард) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар рақобатҳо миёни мардон Баҳодур Усмонов дар вазни то 64 кило ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар мусобиқаи занон Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кило медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар Дубай аз рӯи 10 дараҷаи вазнӣ миёни занон (48 кг; 51 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг) ва 10 дараҷаи вазнӣ миёни мардон (49 кг; 52 кг; 56 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; 91 кг; +91 кг) сурат гирифт.

Ғолибони қаҳрамонии бокси Осиё дар Дубай бори аввал дар таърихи ин мусобиқоти қитъавӣ аз Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) мукофотпулӣ гирифтанд. Маблағи умумии ҷоизаҳо 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медод. Барои варзишгароне, ки дар вазни худ (ҳам мардон, ҳам занон) ҷойи аввалро гирифтанд, 10 000 доллар, барои ҷойи дуюм 5000 доллар ва барои ду ҷойи сеюм 2500-долларӣ супурда шуд.