Блинкен гуфт, Путин газро чун силоҳ истифода мекунад. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ҷанг дар Украина нархи гарон хоҳад дошт"

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар оғози ҳафта ва дар мулоқот бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг вазъ дар Украина ва пешрафтҳои артиши ин кишварро дар муқобила бо Русия баррасӣ кард.

Яке аз мавзӯъҳои дигари ин гуфтугӯҳо чолишҳои зимистони дарпешистода дар шароити маҳдудияти газу нафти Русия будааст. Блинкен гуфт, президент Владимир Путин энержиро чун силоҳ истифода мекунад.

Котиби давлатии ИМА, ки ҳафтаи гузашта аз як беморхонаи кӯдакон дар Украина дидан кард, мегӯяд, сокинон, ба вижа занону кӯдакон нархи гарони ҷангу оқибатҳои онро пардохт мекунанд.

Блинкен, ки баъди дидани Украина ба Брюссел рафт, дар як нишасти матбуотие дар қароргоҳи НАТО гуфт, нархи гарони ҷангро мардуми Русия ҳам пардохт мекунанд.

“Шумори азими нерӯҳои Русия дар Украина қарор доранд. Боиси таассуф, фоҷеа ва даҳшат аст, ки президент Путин чунин намоиш медиҳад, ки бо баҳои гарони ояндаи мардумаш, пойи одамони зиёдро мехоҳад, ба ин чиз бикашад,” -- гуфт ӯ.

Блинкен афзуд, Русия наметавонад, дурудароз нерӯҳои худро таъмин кунад ва барои дарёфти силоҳ ба Эрону Кореяи Шимолӣ рӯйи ниёз овардааст.

Дар Ню-Йорк Русия ба баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ даъват карда, ба қавли сафираш, мехоҳад ғарбро барои фиристодани ёрии низомӣ ба Украина танқид кунад.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз ҳампаймонҳои созмон даъват кард, ки барои мадад ба артиши Украина дар сардиҳои зимистон сарулибоси гарм, генератор, хайма ва таҷҳизоти дигари зарурӣ фиристанд. Блинкен гуфт, дӯстони аврупоиро дар зимистони сарди бегазу нафт танҳо намегузоранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Украина 3 ҳазор километр заминашро аз дасти Русия озод кардПутин аз "фоҷеаи ҳастаӣ" ҳушдор дод. Нигарониҳо аз вазъият дар ЗапорожеЗеленский шарти созиш бо Русияро гуфтНеруҳои Украина як шаҳри муҳимро аз дасти сарбозони Русия бозпас гирифтаандСарбозони Рамазон Қодиров ба кӯмаки неруҳои Русия ба Украина рафтаандДар Петербург хостаанд, Путин ба хиёнат гунаҳкор шавадСафари ғайриинтизори Блинкен ба Киев ва ваъдаи беш аз $2,6 млрд