Акмалиддин Каримов, паҳлавони номдори тоҷик, дар мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми Поягузорони самбо”, ки рӯзҳои 10-11-уми сентябр дар Маркази ҳунарҳои размии шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило мақоми аввалро касб намуд ва бо медали тило сарфароз гашт.
Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки дар “Ҷоми Поягузорони самбо” вазифаи муовини сардовари мусобиқотро ба уҳда дошт, 12-уми сентябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқоти байналмилалӣ дар Маскав аз байни 11 варзишгаре, ки Тоҷикистонро намояндагӣ карданд, танҳо Акмалиддин Каримов медал ба даст овард. Ӯ дар мусобиқаи самбои варзишӣ дар вазни 58 кило, ки 16 иштироккунанда буд, дар финал Харун Тлишевро аз Русия мағлуб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Дар ҳисоби дастаӣ оид ба самбои варзишӣ миёни мардон мунтахаби Тоҷикистон баъди дастаи мизбон – Русия, ки дар шаш вазни дигар ғолиб омад, мақоми дуюмро касб кард.”
Ёдовар мешавем, ки Акмалиддин Каримов моҳи ноябри соли 2021 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар пойтахти Узбекистон - шаҳри Тошканд - доир гардид, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ варзишгар аз Русия Саян Хертекро шикаст дод.
Акмалиддин, ки шогирди паҳлавони маъруф ва мураббии варзида Муҳаммадшариф Сулаймонов мебошад, борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ширкат варзида, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардидааст. Ниҳоят, орзуи деринаи ин паҳлавони пуртаҷрибаи тоҷик соли гузашта дар 31-солагиаш дар Тошканд ҷомаи амал пӯшид.
Зимнан, Акмалиддин Каримов баъди Саидмуъмин Раҳимов, Беҳрузи Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов чаҳорумин паҳлавон аз Тоҷикистон аст, ки дар риштаи самбои варзишӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудааст.
Мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо” бо ибтикори Федератсияи умумирусиягии самбо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин байни мардон оид ба самбои размӣ баргузор шуд. Мардон дар ҳафт вазн (58, 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг) оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ рақобат карданд. Занон низ дар ҳафт вазн (50, 54, 59, 65, 72, 80, +80 кг) оид ба самбои варзишӣ нерӯсанҷӣ намуданд.
Мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо — «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки соли 1980 таъсис ёфта буд, соли 2022 тағйири ном кард - «Ҷоми Поягузорони самбо». Адолати таърихӣ барқарор шуд, зеро «самбо»-ро Анатолий Харлампиев, Василий Ошепков ва Виктор Спиридонов ихтироъ кардаанд. Ба ин се «падар - поягузор» дар Лужникии Маскав ҳайкал гузошта шудааст.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот
Самбои варзишӣ
Мардон
58 кг
1. Каримов Акмалиддин (Тоҷикистон)
2. Тлишев Харун (Русия)
3. Шамсуддинов Дамир (Русия)
3. Умарбеков Марат (Узбекистон)
64 кг
1. Ғамзатов Аҳмад (Русия)
2. Пшеничних Александр (Русия)
3. Даллакян Нарек (Арманистон)
3. Гомлешко Анзор (Русия)
71 кг
1. Тюряев Шамил (Русия)
2. Коссеков Муҳаммад (Туркманистон )
3. Агафонов Иван (Русия)
3. Куликовских Александр (Русия)
79 кг
1. Луканин Иван (Русия)
2. Болтаев Бегенч (Туркманистон)
3. Аллабердиев Нодир (Туркманистон)
3. Уланбеков Феликс (Қирғизистон)
88 кг
1. Казарян Самвел (Русия)
2. Қурбонов Аслан (Русия)
3. Чалян Ваханг (Арманистон)
3. Асулбек Уулу Жамалбек (Қирғизистон)
98 кг
1. Мерзляков Максим (Русия)
2. Бегалиев Гуванҷ (Туркманистон)
3. Торгашев Дмитрий (Русия)
3. Кузнетсов Сергей (Русия)
+98 кг
1. Брачев Антон (Русия)
2. Познахирко Глеб (Русия)
3. Шаволин Иван (Русия)
3. Токтогонов Бекболот (Қирғизистон)
Самбои размӣ
58 кг
1. Асеков Даниел (Қирғизистон)
2. Белеев Радмил (Русия)
3. Тайпинов Семён (Русия)
3. О Хуп Чан (Кореяи Ҷанубӣ)
64 кг
1. Авчян Давид (Туркманистон)
2. Давлатов Керимбердӣ (Туркманистон)
3. Саликов Александр (Русия)
3. Куулар Нажан (Русия)
71 кг
1. Зиннатов Ролан (Русия)
2. Пантелеев Павел (Русия)
3. Дамдинов Бато (Русия)
3. Замирбек Уулу Қурмонбек (Қирғизистон)
79 кг
1. Северов Никита (Русия)
2. Каряев Даирбек (Қирғизистон)
3. Иванов Алексей (Русия)
3. Абгарян Ованес (Русия)
88 кг
1. Таранов Лев (Русия)
2. Маҷидов Ҷамбулат (Русия)
3. Хоҷамуҳаммадов Сардор (Туркманистон)
3. Еркебай Уулу Бектен (Қирғизистон)
98 кг
1. Насипов Алим (Қирғизистон)
2. Шайхмагомедов Умар (Русия)
3. Бегенжов Безирген (Туркманистон)
3. Ҷаводхонов Абулҳалим (Русия)
+98 кг
1. Кашурников Михаил (Русия)
2. Савкин Артур (Русия)
3. Тучалов Магомед (Русия)
3. Нуралиев Таласбек (Қирғизистон)